Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп хостори бозгашти Русия ба G7 шуд


Президенти ИМА Доналд Трамп хост, ки Русия дубора ба узвияти “Гурӯҳи ҳафтгона” (G7) пазируфта шавад. Ин созмон давлатҳои пешрафтаи саноатиро муттаҳид мекунад. Изҳороти рӯзи 8 июни Трамп, ки дар остонаи нишасти сарони G7 садо дод, бори дигар мавқеи ӯро дар нисбати Русия ба намоиш гузошт, ки ба назари бархе дар маҳфилҳои сиёсӣ ва ҳам аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳу демократ ҳамчун раҳбари моил ба Маскав интиқод мешавад. Русия чор соли пеш аз узвияти G7 берун карда шуд ва ин тасмим дар посух ба ишғоли нимҷазираи Қрим ва ҳам пуштибонии Маскав аз ҷудоиталабони украинӣ гирифта шуд.

Дар давоми чор соли ҷанг дар Украина беш аз 10 ҳазор нафар кушта шуд.

Доналд Трамп, ки рӯзи ҷумъа дар ҳавлии Кохи Сафед сӯҳбат мекард, гуфт, ки Русия арзиши онро дорад, ки дубора ба узвияти созмон пазируфта шавад.

«Чаро мо бидуни Русия ҷаласа барпо кунем?», гуфт ӯ. «Онҳо бояд иҷоза диҳанд, ки Русия баргардад, чунки мо бояд ин кишварро дар сари мизи гуфтушунид дошта бошем». Даъвати Трамп зоҳиран барои аъзои дигари созмони G7 мушкили нав эҷод мекунад, чун дар ҷаласаи навбатӣ кишварҳои узв – Канада, ИМА, Фаронса, Олмон, Итолиё, Ҷопон ва Бритониё қарор аст бо маъмурияти Трамп дар масъалаи ҷангҳои тиҷоратӣ баҳсу баррасиҳо кунанд.

XS
SM
MD
LG