Бишкеку Тошканд ба созиш расиданд, ки интиқоли тобистонаи нирӯи барқи Қирғизистонро ба Узбекистон идома ёбад. Дар ин бора рӯзи 8 июг ширкати "Истгоҳи барқӣ"-и Қирғизистон иттилоъ дод.
Интиқоли нирӯи барқи Қирғизистон ба Узбекистон имсол аз 8 июн оғоз шуда, то моҳи август идома хоҳад ёфт. Ҷамъан бояд 500 млн киловат соат нирӯи барқ бо арзиши 2-сентӣ интиқол дода шавад.
Ҳаҷми ҳаррӯзаи интиқоли нирӯи барқ вобаста ба тавонмандии техникӣ ва оби воридшуда ба обанбори Тухтагули Қирғизистон хоҳад буд.
Қирғизистон тобистони соли 2017 ба Узбекистон 1142 млн киловат-соат нирӯи барқ содир карда буд.