Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, шароит барои мулоқот бо Ким Чен Ин омода аст


Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, ки омодагиҳо ба мулоқоти вай бо роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин ба нуқтаи ниҳоӣ мерасад. Ин мулоқот пас аз чаҳор рӯз - дар таърихи 12 июн - баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Трамп, гуфтугӯ бо роҳбари Куриёи Шимолӣ гардиши куллиеро дар таърихи Осиёи Шимоливу Шарқӣ ба бор меорад ва "ояндаи дурахшони Куриёи Шимолиро" таъмин мекунад.

Президенти ИМА ҳамзамон ваъда дод, дар сурати хуб анҷом шудани гуфтугӯҳо аз Ким Чин Ин даъват мекунад, ки ба Амрико сафар кунад. Дар ҳамин ҳол Трамп афзуд, агар мулоқот умедҳои ӯро бароварда накунад, вай гуфтугӯро тарк мекунад.

Охири моҳи май Трамп эълон кард, ки аз мулоқот бо Ким Чен Ин худдорӣ меварзад. Баъди он президенти ИМА аз роҳбари Куриёи Шимолӣ номаи хусусӣ пайдо ва дубора ба гуфтугӯҳо майл кард.

Барномаи ҳастаии Куриёи Шимолӣ муҳимтарин мавзуи гуфтугӯҳо аст. Вашингтон талаб дорад, ки Пхенян бе чуну чаро аз барномаи ҳастаияш даст кашад. Ким Чен Ин дар навбати худ пешниҳод дорад, ки маҳви барномаи ҳастаӣ зина ба зина ва дар ивази гузаштҳои ИМА сурат гирад.

XS
SM
MD
LG