Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши 1-миллиарддолларии ИМА ва Чин


ИМА ва Чин созиш карданд, ки ба ширкати мухобиротии чинии ZTE Corp. иҷозаи идомаи фаъолиятҳои тиҷоратиро фароҳам меорад. Ширкати чинӣ барои нақзи таҳримҳои болои Кореяи Шимолӣ ва Эрон таҳмилшуда ба ИМА дар ҳаҷми 1 миллиард доллар ҷуброн пардохт кард ва қарор аст боз 400 миллион доллари дигарро ҳамчун гаравпулии нақзи ояндаи таҳримҳо ба вазорати тиҷорати ИМА пардохт хоҳад кард. Ширкати азими мухобиротӣ ба ду кишвари таҳти таҳрим таҷҳизот фурӯхтааст. Бар асоси созиши ахир, худи ширкати мухобиротӣ ҳам аз таҳрими воридоти таҷҳизот аз ИМА халос шуд. Қарор аст мутахассисони амрикоӣ барои тағйири шӯрои мудирон ва раҳбарияти иҷроияи ширкати мухобиротӣ ҷалб шаванд.

XS
SM
MD
LG