Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: Зиёни иқтисодии моро кӣ пардохт мекунад?


Дипломати баландпояи эронӣ аз қудратҳои ҷаҳонӣ хост, ки ба созиши ҳастаии соли 2015 пойбанд монда, ба гуфтааш, алайҳи шеваи “зӯргӯёнаи” ИМА муқовимат кунанд. Вазири умури хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф рӯзи 7 июн дар изҳороти хаттиаш тавассути шабакаи иҷтимоии Твиттер гуфт, ки бояд ба Эрон товони иқтисодии хисороташ дар натиҷаи берун шудани ИМА аз созиши ҳастаӣ пардохт шавад. Зариф гуфт, ки дар сурати ҷорӣ шудани таҳримҳо, Эрон аз даромадҳои муайян маҳрум мешавад ва дар ин ҳолат, ҷонибҳои имзокардани созишнома бояд дар чаҳорчӯби ин созиш товони фоидаи аздастрафтаи мардуми Эронро фикр кунанд.

Моҳи апрел ИМА гуфт, ки созиши ҳастаӣ бо Эронро тарк мекунад ва бар иваз, барои, ба гуфтаи президент Доналд Трамп “фаъолиятҳои тахрибкоронааш дар Ховари Миёна” мавриди таҳрим қарор мегирад. Дигар имзогузоштаҳои ин созишнома, аз ҷумла Иттиҳодияи Аврупо мухолифи бекор шудани ин созиш мебошанд.

XS
SM
MD
LG