Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, то 10 рӯз тамдид кардани мӯҳлати сабти номи шаҳрвандони хориҷиро имзо кардааст. То ин замон хориҷиён фақат се рӯз мӯҳлат доштанд, ки худро дар идораи милиса дар макони иқомат сабти ном кунанд.
Таъхир дар ин кор қонуншиканӣ ба ҳисоб меравад. Қарор дар бораи тамдиди мӯҳлати сабти иқоматро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми июн имзо кардааст ва як нусхаи он тоза ба дасти Радиои Озодӣ расид.
Моҳлиқо Шарифзода, сухангӯи Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор бо ҳадафи ҷалби сайёҳони бештар ба кишвар имзо шудааст. Тоҷикистон имсолро соли сайёҳӣ эълон кардааст.
Моҳлиқо Шарифзода гуфт, ҳукумат “дар баробари пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои соҳибкорони ватанӣ дар самти сайёҳӣ, озод намудани воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ барои бунёди иншооти зербунёдҳои сайёҳӣ ин қарорро қабул кард”.
Ӯ гуфт, қарор шаҳрвандони хориҷиро уҳдадор месозад, ки дар муддати 10 рӯзи корӣ аз санаи ворид шуданашон ба Тоҷикистон худро дар шӯъбаи умури дохилии маҳалли иқомат сабти ном кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, онҳое, ки бо ҳадафи саёҳат вориди Тоҷикистон мешаванд ва раводиди сайёҳӣ доранд, 30 рӯз ҳақ доранд, бидуни сабт саёҳат кунанд. Чанд соли ахир таваҷҷӯҳи мақомот ба соҳаи сайёҳӣ афзоиш ёфтааст.
Соли гузашта кумитаи вижа таъсис ёфт ва соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуд. Мақомот мегӯянд, солона то ним миллион сайёҳ ба Тоҷикистон меоянд. Мақомот мегӯянд, мехоҳанд, мехоҳанд, то соли 2020 теъдоди сайёҳон ба кишварро то 1 миллион бирасонанд.