Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Наздикони як шаҳрванди Қазоқистон хостори озодии ӯ аз зиндони Чин шуданд. ВИДЕО

Наздикону пайвандони Ертай Султонбек аз вазъи саломатӣ ва амнияти ин қазоқтабор дар маҳбаси Чин нигаронанд. Онҳо дар арафаи сафари президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Пекин дар шаҳри Алмато нишасти хабариеро баргузор карда, аз Остона дархост карданд, ки дар раҳоии Султонбек кумак кунад. Ба гуфтаи наздикони Султонбек, ӯ 25 май дар Чин боздошт шуда, то ҳол тақдираш номаълум аст. Бародараш Женисбек мегӯяд, боздошти Султонбек ба номае рабт дорад, ки аз номи Назарбоев дарёфт карда буд. "Султонбек соли 2007 як шеъри худро ба Нурсултон Назарбоев бахшид ва онро нашрияҳои ҷумҳуриявии Қазоқистон нашр карданд. Соли 2008 президенти Қазоқистон бо ирсоли як нома ба муаллифи шеър миннатдорӣ баён кард", - гуфт фаъоли мадании қазоқ Серикжон Биляш дар нишасти хабарӣ.

Хешовандони қазоқҳои дар Чин боздоштшуда раҳоии онҳоро талаб доранд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:27 0:00

Наздикони Султонбек гуфтанд, бо баргузории ин нишаст мехоҳанд, таваҷҷуҳи мақомоти Қазоқистонро дар ҷараёни боздиди Назарбоев аз Чин ба қазияи ӯ ҷалб кунанд. Ба гуфтаи онҳо, саломатӣ ва амнияти Султонбек дар маҳбаси Чин дар хатар буда, ӯ аз "маркази бозомӯзии сиёсӣ"-и ин кишвар зинда нахоҳад баромад.

Ин бори аввал нест, ки қазоқҳои Чин барои раҳоии наздикони худ аз мақомоти Қазоқистон дархости кумак мекунанд. Вазорати умури хориҷии Қазоқистон мегӯяд, дар бораи 177 шаҳрванди Чин, ки наметавонанд ба назди пайвандони худ ба Қазоқистон бираванд, номаи шикоятӣ дарёфт кардааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Познер барои шӯхиаш дар бораи чиниҳо узрхоҳӣ кард

Владимир Познер дар ҷаласаи Коллегияи ҷамъиятии шикоят аз болои матбуот. 19 феврали соли 2019

Журналисти шабакаи аввали телевизиони Русия Владимир Познер барои шӯхиаш дар бораи чиниҳо, ки дар барномаи ахираш ("Самые-самые-самые") садо дод, узрхоҳӣ кард. Ҳангоми наворгирии гузорише аз хонаи рамзии Бобои Барфӣ дар Финландия, Познер шӯхӣ карду гуфт, ки дар деҳа “хитоиҳо хеле зиёд будааст”. “Чашми ман каҷ нашуд?”, пурсид Познер аз ҳайати эҷодӣ ва чашмонашро ба онҳо нишон дод. Ин шӯхии журналистро яке аз тамошобинони телевизион таҳқиромез дарёфт ва аз болои ин рафтори журналист ба Коллегияи ҷамъиятии шикоят аз болои матбуот ариза фиристод.

Хонуме бо номи Туяна Басанова дар ин нома худро “намояндаи мардуми осиёии минтақаи Сибир” муаррифӣ кард ва гуфт, ки ҳарфу ҳаракатҳои Познер барои намоиш дар телевизиони федеролӣ “ғайри қобили қабул” мебошад.

Басанова гуфт, ки бо ин ҳаракаташ Познери 84-сола “адовати худро нисбат ба намояндагони қавмҳои дигар” ба намоиш гузоштааст. “Познер фикр мекунад, ки агар дар миёни чиниҳо зиёд бигардад, чашмонаш каҷ мешаванд”, гуфт Басанова.

Рӯзи сешанбе коллегия шикояти Басановаро арзёбӣ кард ва дар ин ҷаласа Познер эътироф кард, ки “ҳарфҳои ӯ як шӯхии ноҷо буд”.

Интерфакс бо такя ба ҳарфҳои Познер менависад: “Ман дар асл вокуниши хонум Басановаро хеле хуб дарк мекунам ва эътироф мекунам, ки ӯро ранҷондам. Ман аз ин кори худ узр мепурсам”. Бахши русии Би-Би-Си бо такя ба журналист менависад: “Ман ба ҳеҷ сурат нажодпараст нестам. Ин як шӯхии воқеан ҳам бад буд”. Баъди ҷаласа Познер гуфтааст, ки “ин як аблаҳӣ буд” ва узрхоҳӣ барои ин ҳодиса мушкиле надорад. Ӯ гуфтааст, ки омода аст дар барномаи телевизионии худ ҳам аз тамошобинон узрхоҳӣ кунад.

Муаллифи шикоят Туяна Басанова гуфтааст, ки узри журналист қабул аст ва изҳори умедворӣ кардааст, ки журналист аз телевизион ҳам мавқеи худро такрор мекунад.

Ҷасади тифл баъди тақрибан ду ҳафта аз ҳоҷатхона пайдо шуд

Юсуфҷон Саидов рӯзи 31-уми январ нопадид шуд.

Муфаттишони додситонии ноҳияи Рӯдакӣ омилҳои марги як тифли 5-соларо таҳқиқ мекунанд, ки ҷасади ӯро рӯзи 11-уми феврал дар ҳоҷатхонае пайдо карданд. Юсуфҷон Саидов рӯзи 31-уми январ дар деҳаи Ҷӯйбодом нопадид шуд ва волидонаш тақрибан 2 ҳафта ӯро дар деҳоти атроф ва ноҳияи Рӯдакӣ ҷустуҷу доштанд.

Абдувалӣ Саидов, падари Юсуфҷон Саидов рӯзи 19-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муфаттишони додситонӣ ӯро рузи 18-уми феврал даъват карда ва дар бораи марги писараш пурсидаанд. Ӯ афзуд, ки тамоми деҳаро ҷустуҷу карданд, вале ҳеҷ нишоне наёфтанд, аммо зимни тафтиши дубораи ҳоҷатхонаи ҳамсоя тани беҷони ӯро аз дохили он ёфтанд.

Абдувалӣ Саидов афзуд, чӣ гуна ба ҳоҷатхона афтодани тифли панҷсолаашро намедонад. Додситонӣ ҳам касеро ҳанӯз дар марги у муттаҳам накардааст. Додситонӣ ҳодисаро ҳануз шаҳр надодааст. Юсуф зоҳиран ҳангоми бозӣ дар назди хонаашон соати 12 нисфирӯзии 31-уми январ ғайб задааст.

Деҳаи Ҷӯйбодом дар канори шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва дар гузашта шоҳиди чунин ҳодиса нашудааст. Гум шудани тифл дар деҳот дар Тоҷикистон аҳёнан рух медиҳад, чун мардум ҳамдигар ва атфоли ҳамдигарро мешиносанд ва дар сурати танҳо дидани тифли хурдсол ӯро ба назди волидонашон бармегардонанд.

Аммо дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон дар гузашта нопадид шудани се тифли хурдсол дида шудааст, ки дуторо бо гузашти солҳо пайдо накардаанд, вале ҷасади якеро дар ноҳияи Ҳисор ёфтаанд.

Халилзод ба хатми ҷанг дар Афғонистон даъват кард

Фиристодаи ИМА дар умури Афғонистон Залмай Халилзод аз мардуми Афғонистон даъват кард, ки тафриқаҳоро канор гузошта, ба хотири хатми ҷанги 17-сола муттаҳид шаванд. Халилзод, ки дар моҳҳои ахир бо Толибон дар Ховари Миёна чандин музокироти рӯбарӯ барпо кардааст, ин музокираҳоро бидуни ҳузури намояндагони ҳукумати Афғонистон баргузор кардааст. Баробар бо ин, бархе дигар мухолифони президент Ашраф Ғанӣ ҳам рӯзҳои 5 ва 6 феврал бо намояндагони Толибон дар Маскав муколама барпо кардаанд. Сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат аз он интиқод карданд, ки намояндагони ҳукумати расмии Афғонистон дар ин муколамаҳо ҳам иштирок накарданд. Халилзод аз ҳукумат даъват кард, ки як тими “қавӣ ва миллӣ”-и музокиротӣ эҷод кунад. Халилзод гуфт, “ба мо тиме лозим аст, ки раҳбарияти ҳукуматро эҳтиром кунад”, гуфт Халилзод дар сӯҳбат бо телевизиони “Тулӯъ” рӯзи 18 феврал.

Алишер Абдураҳмонов ба ҷои Шарофиддин Гадоев раҳбари ҷумбиш шуд

Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» гуфт, ки ба ҷойи Шарофуддин Гадоев нафареро бо номи Алишер Абдураҳмонов раҳбар интихоб кард.

Ин ҷунбиш, ки соли гузашта дар Аврупо таъсис ёфт, дар ҳоле раҳбари нав интихоб кард, ки Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҳамакнун собиқаш дар шароити мармузе ба Тоҷикистон баргашт. Вазорати умури дохилӣ бозгашти Гадоев – як мунаққиди ҳукумати Тоҷикистонро “ихтиёрӣ” номида мегӯяд, ки базудӣ афв мешавад. Ҷонибдорони Гадоев шароити бозгашти ӯро мармуз номида мегӯянд, ки ӯ бо маъмурияте ба Русия рафта буд ва рабуда шуд. Дар давоми панҷ рӯзи ахир видеоҳое бо ширкати Гадоев дар вебсайти ВКД ва шабакаҳои интернетӣ нашр мешаванд, ки дар он иддао мешавад, ки ин раҳбари пешини “Гурӯҳи 24” гӯё “пушаймон шуда” ба ватан баргаштааст.

Алишер Абдураҳмонов, ки рӯзи 18-уми феврал раҳбари ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» интихоб шуд, дар сӯҳбати катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «бо мақсади пиёда кардани ҳадафҳои Шарофиддин Гадоев ин вазифаро бар дӯш гирифтаааст”. Ӯ гуфт, дар қадами аввал барои “озодии Гадоев” талош хоҳанд кард. Абдураҳмонов гуфт, ки Гадоев бояд дар навбати аввал “бо вакили дифоъ таъмин ва вазъи сиҳатиаш аз ҷониби комиссияи мустақил” ташхис гардад.

Алишер Абдураҳмонов, як нафари ношинохта аст, ки худро як узви мухолифони ҳукумат дар хориҷа меномад. Ба гуфтаи ҳамсафонаш, ӯ корманди собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буда, бо далели фишор дар Аврупо паноҳанда шудааст.

Покистон Ҳиндро ба муколама даъват кард

Нахуствазир Имрон Хон рӯзи 19 феврал гуфт, ки Покистон ба таркиши маргталабонае, ки боиси марги даҳҳо сарбози ҳиндӣ шудааст, ҳеҷ рабте надорад ва Деҳлиро ба хотири коҳиши шиддати таниш ба музокира даъват кард. Имрон Хон гуфт, ки Ҳинд зидди Покистон иттиҳомоти зиёд пеш меорад ва Исломобод омода аст дар таҳқиқи ҳамлаҳои ахир дар минтақаи таҳти контроли Ҳинди Кашмир ҳамкорӣ кунад.

“Агар шумо дар бораи даст доштани ҳадди аққал як покистонӣ дар ин ҳодиса далели кофӣ дошта бошед, бо мо дар миён гузоред. Мутмаин бошед, ки мо иқдом мекунем”, гуфт Имрон Хон. “Садоҳое аз Ҳинд мерасад, ки бояд ба Покистон дарси ибрат дода шавад”, гуфт ӯ. “Мо дар бораи интиқом фикр намекунем, мо интиқом мегирем. Шумо моро дар ҳолати ногузир қарор медиҳед”.

Изҳороти Имрон Хон баъди он садо дод, ки вазири хориҷаи Покистон дар номае аз СММ дар амри коҳиши таниш бо Ҳинд кӯмак хост. Ҳинд ахиран дар таркиши маргталабона ва ҳам як ҳамлаи дигар Покистонро гунаҳгор кард. Инчунин рӯзи 18 феврал Исломобод сафирашро аз Ҳинд бозхонд.

Имсол Норак мизбони Наврӯзи ҷумҳуриявӣ аст

Қарор аст ҷашни калони Наврӯз рӯзи 20-уми март дар майдони марказии шаҳри Норак бо ҳузури президенти Тоҷикистон баргузор шавад. Ба гуфтаи Шаҳло Ҳасанзода, муовини раиси шаҳри Норак, омодагиҳо барои баргузории ҷашн шурӯъ шуда, қарор аст "12 ҳазор сокини шаҳри Норак ва ноҳияҳои атрофи он", дар таҷлили ид ҷалб шаванд.

Ҷашнҳои калони наврӯзӣ дар Тоҷикистон маъмулан бо ҷалби ҳазорҳо мактабиёну донишомӯзон баргузор мешавад, ки барои ширкат дар барномаи чандсоатаи тафреҳӣ ва театрикунонидашуда ҳафтаҳо пеш аз ид дар соатҳои дарсӣ ё баъдидарсӣ ба машқу раҳпаймоиҳо ҷалб мешаванд. Ин мавзӯъ ҳамеша боиси интиқод дар матбуот шудааст.

Шаҳло Ҳасанзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми феврал гуфт, "танҳо аз Норак 4 ҳазор сокинон барои пешвоз ва таҷлили Наврӯз ҷалб шуда, аз ноҳияҳои дигар 8 ҳазор нафари дигар ҷалб мешавад. Аллакай мардум дар шаҳру деҳаҳо барои пешвози ҷашни Наврӯз корҳои ободониро шурӯъ кардаанд",-афзуд Шаҳло Ҳасанзода. Дар ташкили барномаи тафреҳии наврӯзӣ қарор аст 8 ҳазор донишҷӯ аз донишгоҳҳои Данғараву Бохтар ва Ёвон ҳам ҷалб шаванд.

Будҷаи ташкили ҷашни Наврӯзи соли 2019 ошкор намешавад, вале дар гузашта матбуот навишта буд, ки хароҷоти ташкили ҷашн миллионҳо сомониро ташкил медиҳад. Соли 2012, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки Тоҷикистон мизбони ҷашни байналмилалии Наврӯз буд, ҳукумат барои навсозии "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе аз ҳисоби будҷа беш аз чаҳор миллион сомонӣ харҷ кард.

Таҷлили расмӣ аз Наврӯз ҳар сол дар ҳар минтақаи кишвар бо ҳузури президенти Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар баробари Хуҷанду Хоруғ ва минтақаи Рашту Кӯлоб, Душанбе ҳам чанд дафъа мизбони ҷашни асосии Иди Наврӯз будааст.

Ҷашни калон як сол баъди ҳодисаҳои хунини ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ ташкил мешавад, ки масъулияти онро гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт. Ҳамлаварон дар навори видеоии пеш аз ҳодисаи террористӣ, ки ҷони чор туристи хориҷиро гирифту ду нафарро маҷрӯҳ кард, дар баландтарин нуқтаи Норак савганд ёд карданд. Исми Норак дар бисёр хабару гузоришҳои ҷаҳонӣ дар робита бо ҳамин ҳодисаҳо расонаӣ шуд.

Вале як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумат гуфт, интихоби Норак ба унвони макони ташкили ҷашни ҷумҳуриявии Наврӯз бесабаб нест. Ба гуфтаи ӯ, сабаби аслии дар Норак таҷлил шудани Наврӯз дар он аст, ки вақте моҳи ноябри соли гузашта президент дар маросими чархаи аввали НБО Роғун ширкат карда бо коргарони он сӯҳбат дошт ва вақте фаҳмид аксари сохтмончиён сокинони шаҳри Норак ҳастанд, гуфт иди Наврӯзро имсол дар Норак таҷлил мекунад".

Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид соли 2016 дархости 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро пазируфт ва Наврӯзро ба феҳристи Мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кард. Дар ҷаласаи ин созмон дар шаҳри Аддис Абеба, пойтахти Эфиопия, намояндагони созмон гуфтанд, Наврӯз ҷашни бостонии мардуми шарқ "таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳ"-ро ривоҷ медиҳад ва сазовор аст, ки ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид карда шавад.

Ҳамроҳ бо Тоҷикистон Афғонистону Озарбойҷон, Ҳинду Эрон, Ироқу Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбакистон ҳам пешниҳод карда буданд, ки Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шавад.

23 сокини Бишкек бо нишонаҳои сурхакон бистарӣ шуданд

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон тайи ду рӯз 23 кас бо нишонаҳои бемории сурхакон ба бемористон интиқол ёфтаанд. Дар ин бора рӯзи 18 феврал сардухтури Бемористони ҷумҳуриявии касалиҳои сироятии Қирғизистон Гулжигит Алиев хабар дод.

"Рӯзҳои шанбе ва якшанбе 31 кас ба мо муроҷиат карданд. Пас аз муойина ба хулосае расидем, ки 23 тани онҳо бояд бистарӣ шаванд. Ҳоло дар беморхонаи мо 58 сокини гирифтор ба бемории сурхакон табобат мегиранд. Нимашон кӯдаконе ҳастанд, ки ваксина нагирифтаанд", - гуфт Алиев.

Дар Бишкек моҳи октябри соли 2018 як кӯдаки шашмоҳа аз бемории сурхак фавтида буд. Ба гуфтаи мутахассисон, сабаби гирифторб ба ин беморӣ худдорӣ аз ваксина аст. Дар Аврупо соли гузашта 40 кас аз бемории сурхакон даргузашт.

Ровии ДИ Муҳаммад Халифа дар Сурия боздошт шуд

Як шаҳрванди Канадаро, ки садояш дар бештари наворҳои видеоии гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" (ДИ) бо забони англисӣ истифода шудааст, дар Сурия боздошт карданд. The New York Times рӯзи 18 феврал гуфт, шаҳрванди Канадаро нирӯҳои эътилофӣ моҳи январ дастгир намудаанд.

Нашрия аз ӯ Муҳаммад Халифаи 35-сола ном бурдааст, ки дар Арабистони Саудӣ ба дунё омада, сипас ба Торонто рафтааст. Ӯ дар бахши технологияи компютерӣ таҳсил кардааст.

Худи Муҳаммад Халифа гуфтааст, ки шаш сол пеш гӯш кардани наворҳои гуруҳи тундрави "ал-Қоида"-ро оғоз кард ва дертар ба Сурия рафта, ба сафи ДИ пайваст. Ӯ дар ҳайати гуруҳ нахуст ба ҳайси тарҷумон кор карда, баъдтар садояш дар наворҳо низ истифода шудааст.

Муҳаммад Халифа чанд моҳ пеш аз боздошташ, аз овоз додан ба навору видеоҳо даст кашида, ба сафи ҷанговарони ДИ пайвастааст. Ӯ баъди боздошт гуфтааст, ки аз кардааш пушаймон нест.

Таҳримҳо ба бахши содироти Русия беш аз $6 млрд зарар расонданд

Содиркунандаҳои маҳсулоти Русия соли 2018 ба далели таҳримҳои иқтисодии кишварҳои Ғарб 6 миллиарду 300 миллион доллар зарар дидаанд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба гузориши Вазорати рушди иқтисоди Русия иттилоъ дод.

Аз ҳама бештар зидди маҳсулоти Русия Иттиҳоди Аврупо (ИА) маҳдудият ҷорӣ кардааст, ки 25 навъанд. Украина бо 22 маҳдудият дар мақоми 2-ум ва Ҳиндустон бо 16 адад дар мақоми севум қарор дорад. ИМА ҳатто ба кишварҳои панҷгона шомил намешавад. Амрико зидди Русия танҳо 9 таҳрим ҷорӣ кардааст, ки ба содиркунандаҳои рус дахл доранд.

Бино ба ҳисоби Вазорати рушди иқтисоди Русия, ба бахши содироти ин кишвар таҳримҳои ИМА $1,1 миллиард ва таҳримҳои ИА ҳудуди $2,5 миллиард хисорот овардаанд.

Таҳримҳо аз ҳама бештар ба бахшҳои металлургӣ (ҳудуди $4 млрд) ва кишоварзии Русия (ҳудуди $1 млрд) зарар расондаанд.

Дар ҳоли ҳозир 62 кишвар зидди маҳсулоти Русия 159 навъи маҳдудият ҷорӣ кардааст.

Cotton Campaign бойкоти пахтаи Узбекистонро бекор накард

Маъракаи байналхалқии зидди истифодаи меҳнати маҷбурӣ дар саҳроҳои пахтаи Узбекистон - Cotton Campaign - баъди гуфтугӯ бо ҳайати расмии Узбекистон тасмим гирифт, ки бойкот ё манъи хариду фурӯши пахтаро то замони маҳви комили меҳнати маҷбурӣ нигаҳ дорад. Дар ин бора рӯзи 18 феврал бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар додааст.

Намояндагони Cotton Campaign ​ибтидои моҳи феврал дар Вашингтон бо муовини сарвазири Узбекистон Танзила Норбоева, вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Шерзод Кубиев ва раиси "Ӯзтекстилсаноат" Илҳом Ҳайдаров мулоқот карданд.

Дар ин мулоқот ҳомиёни ҳуқуқ талошҳои мақомоти Узбекистонро дар самти пешгирӣ аз меҳнати маҷбурӣ баҳои баланд доданд. Аммо бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, меҳнати маҷбурӣ дар ин кишвар комилан манъ нашудааст.

Ҳайати ҳукуматии Узбекистон бо роҳбарии муовини сарвазири он кишвар Танзила Норбоева 4 феврал ба ИМА рафт ва дар бораи бойкот ё қатъи хариду фурӯши пахтаи Узбекистон бо созмонҳои байналхалқӣ гуфтугӯ кард.

Эътилофи байналхалқии Cotton Campaign, ки даҳҳо созмони ҳомии ҳуқуқ узви он ҳастанд, дар соли 2010 маъракаи бойкоти пахтаи Узбекистон ро роҳандозӣ карданд. Ин эътилоф мегӯяд, дар Узбекистон кӯдакону калонсолон иҷборан ба ҷамъоварии пахта фиристода мешаванд. Ширкатҳои маъруфе амсоли Nike, Zara, GAP, Levi's, H & M, UNIQLO ва дигарон ба ин маърака пайвастанд.

Пулиси Ишқобод ҳуҷҷати ронандагии занҳоро мегирад

Аз пойтахти Туркманистон шаҳри Ишқобод хабарҳо дастрас мешавад, ки ходимони полиси роҳ ронандаҳои занро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Пулис бо ҳар баҳонае ҳуҷҷати ронандагии занҳоро мегирад, гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ аз шаҳри Ишқбодод. Дар матлабе аз рӯзи 19 феврал гуфта мешавад, ки кормандони пулис сабаби гирифтани ҳуҷҷатҳои ронандагии занҳоро шарҳ намедиҳанд, танҳо ишора мекунанд, ки фармон аз болост. "Мо дастур гирифтаем, ки дар кӯчаҳои протоколӣ бояд занҳо мошин наронанд", - гуфт як корманди пулис.

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, рӯзи 18 феврал дар хиёбони Истиқлоли Ишқобод наздики 20 мошинро, ки ронандаҳояшон занҳо буданд, боздошт карданд. Сомонаи "Хроника Туркменистана" иттилоъ дод, ки рӯзи 18 феврал ҳудуди 120 мошин ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ интиқол дода шудааст, ки ронандагонашон занон буданд. "Ин амалкарди пулис ба он равона шудааст, ки занҳо аз рондани мошин даст кашанд", - менависад сомона.

Вазорати фарҳанги Узбекистон латукӯби дастаҷамъии донишомӯзонро таҳқиқ мекунад

Ду омӯзгори мактаби махсуси фарҳангии шаҳри Навоии Узбекистон барои латукӯби дастаҷамъии донишомӯзон танбеҳ гирифтанд. Вале донишомӯзони латукӯбшуда аз шеваи ҷазои муаллимон розӣ нестанд.

Ахиран дар интернет видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, ҷавоне даҳҳо донишомӯзро ба навбат зери мушту лагад қарор медиҳад. Ӯ ҳамчунин аз онҳо мепурсад, ки "ман кадоме аз шумоёнро задам?". Донишомӯзон посух медиҳанд, ки "ҳеч касро".

Санҷишҳо муайян карданд, ки ин ҳодиса дар мактаби махсуси фарҳангии шаҳри Навоӣ рух дода, пинҳонӣ наворбардорӣ шудааст.

"Видео рӯзе сабт шудааст, ки дари хобгоҳи мактабро шикастанд. Мураббӣ Сулаймон Қучқоров бо ин шева мехост, нафареро муайян кунад, ки дарро шикастааст. Ҷавоне, ки кӯдаконро мезанад, нозири хобгоҳ аст ва Қучқоров аз ӯ ҳамчун ёвар истифода мекунад", - гуфт яке аз шоҳидон.

Мудири мактаби фарҳангии Навоӣ Ғолиб Сатторов тасдиқ кард, ки ҳодиса дар таълимгоҳи онҳо рух додааст. "Ҳодиса 14 октябри соли гузашта рух додааст. Ман бо донишомӯзон суҳбат кардам. Ҷавоне, ки онҳоро латтукӯб кард, донишомӯзи курсҳои болоӣ аст", - афзуд Сатторов.

Ба гуфтаи мудир, зидди айбдоршавандаҳо чораандешӣ шудааст. Вале яке аз шоҳидони ҳодиса мегӯяд, донишомӯзон аз шеваи муҷозот шудани айбдоршавандаҳо розӣ нестанд.

Як масъули Вазорати фарҳанги Узбекистон гуфт, раҳбарияти мактаби фарҳангии Навоӣ ҳодисаи латтукӯби донишомӯзонро аз ин ниҳод пинҳон кардааст. "Бар асоси муқаррарот, раҳбарияти мактаб бояд вазоратро аз ҳодиса огаҳ мекард. Вале ман ин хабарро ҳоло аз шумо шунидам. Мо ҳатман ин қазияро месанҷем", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

"Гӯши духтарашро бо анбӯр бурид..."ВИДЕО

Додгоҳе дар Алмаато рӯзи 18 феврал модареро, ки дар давоми шаш соли ахир духтарашро латукӯб мекард, ба шаш соли зиндон маҳкум намуд. Додгоҳ қарор кард, ки Анна Иванова духтараш Дианаро шадидан латукӯб мекард, масъулиятҳои модарии худро иҷро намекард ва ба ҳамин хотир барои ҳар як соли азият кардани духтараш яксолӣ дар зиндон мемонад.

Бори аввал дар Қазоқистон азиятҳои Диана соли 2011 расонаӣ шуд. Он замон модаркалонаш духтари хурдсолро бо асои бағалаш шадидан латукӯб кард ва кӯдакро ба бахши эҳёгарии бемористон интиқол доданд. Баъди ин модаркалонро аз ҳақи муошират бо кӯдак маҳрум карда ба Русия истирдод карданд. Диана дар тарбияи модараш монд. Баъди ин духтарак ба мактаб нарафт, ба гуфтааш, дар рӯи фарш мехобид ва вақте ба хона одамони бегона меомаданд, ӯро ё дар дохили ҷевон ё дар пушти дари ҳаммом пинҳон мекарданд.

Дар додгоҳ кӯдак нақл кард, ки модараш ӯро чигуна азият мекард: гӯшашро бо анбӯр бурида, дандонашро бо болға шикаста буд. Мутахассисон маълум кардаанд, ки Иванова аз бераҳмии шадид духтарашро ҳамеша ба як ҷояш мезад, ва ҷои дард сиҳҳат нашуда, боз ҷароҳат мебардошт.

Шаш соли зиндони модар барои шаш соли азиятҳои духтараш
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Анна Иванова гуноҳи худро қисман эътироф кард ва гуфт, ки ҳар вақте ба духтараш даст мебардошт, танҳо ба хотири гуноҳ кардани ӯ буд.

Анна Иванова ба ҷуз Диана боз ду духтари калонтари дигар дорад. Калониаш 18-сола аст. Дианаро дар ҷараёни тафтишот ва мурофиаҳои додгоҳӣ ба тарбияи волидони муваққатӣ ва ба шаҳри дигар интиқол доданд. Каме дертар қарор аст сохторҳои махсуси парасторӣ сарнавишти минбаъдаи кӯдакро муайян кунанд.

Дар қарори додгоҳ инчунин амр шудааст, ки масъулият ва кори хадамоти парасторӣ ҳам санҷида шавад. Онҳо бояд ба ин савол посух диҳанд, ки чаро вақте кӯдак бо нишонаҳои латукӯб ба мактаб ҳозир мешуд, касе чораҷӯӣ накард.

Кремлин қазияи мудири амрикоиро пайгирӣ мекунад

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Кремлин парвандаи марбут ба мудири ширкати сармоягузори амрикоиро, ки дар фасоди молӣ дар ҳаҷми калон муттаҳам шудааст, аз наздик пайгирӣ мекунад. Зимни суханрониаш бо матбуот дар Маскав рӯзи 18 феврал, Песков гуфт, ки ҳабси Майкл Калви, раиси ширкат сармоягузори Baring Vostok ҳеҷ рабте ба бад шудани муносибатҳои Русияву Амрико надорад. “Равобити Русия бо кишварҳои дигар ба фаъолиятҳои тиҷоратии сармоягузорон дар ин кишвар таъсире надорад”, гуфт Песков ва афзуд, ки Русия ҳамеша ба эҷоди “фазои мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ” манфиатдор аст. Песков инчунин гуфт, ки Калви дар Русия ба ҳайси як “сармоягузори қавӣ дар иқтисоди ин кишвар” маъруф буда, барои “ҷаззоб шудани бозори Русия” талошҳо кардааст. Песков инчунин гуфт, ки президенти Русия Владимир Путин дар гузашта бо Калви чандин бор дар чаҳорчӯби конфронсҳои тиҷоратӣ дидор карда, вале боздошти ӯ берун аз салоҳиятҳои Путин мебошад. Рӯзи 16 феврал додгоҳе дар Маскав қарор кард, ки Калви то 13 апрел дар боздошт мемонад.

Покистон ба шоҳзодаи Саудӣ ҷоизаи баландтаринро тақдим мекунад

Покистон гуфт, ки рӯзи 18 феврал шоҳзодаи Саудӣ ҷоизаи баландтарини мадании худро тақдим мекунад ва ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки рӯзи 17 феврал Муҳаммад бин Салмон зери созишномаи ихтисоси 20 миллиард доллар сармоя ба Покистон имзо гузошт.

Қарор аст ҷоизаи “Нишони Покистон”-ро ба шоҳзодаи Саудӣ президент Ориф Алвӣ тақдим кунад. Дар идомаи сафари худ ба минтақа шоҳзодаи Саудӣ аз Ҳинд, рақиби деринаи Исломобод дидан мекунад. Покистон, ки мушкилоти ҷиддии иқтисодиро пушти сар мекунад, умедвор аст, ки 7 созишномаи мухталиф иқтисоди дучори мушкили ин кишварро зинда мекунад. Аксари ин созишномаҳо марбут ба бахши энержӣ мебошанд. Аз ҷумла яке аз онҳо бо арзиши 10 миллиард доллар эҳёи корхонаи нафту кимиёи шаҳри бандарии Гвадарро дар назар мегирад.

Қарор аст баъди боздид аз Ҳинд, Муҳаммад бин Салмон ба Чин ҳам сафар кунад.

Пули нави Узбекистон вориди муомилот мешавад

Бонки марказии Узбекистон (БМУ) тавассути саҳифаи худ дар Telegram хабар дод, ки сар аз 25 феврал дар ин кишвар пули нави 100-ҳазорсӯмӣ ба муомилот мебарояд.

Ба огаҳии бонк, пули 100-ҳазорсӯмӣ ба донишманди маъруфи ӯзбек Мирзо Улуғбек ва дастовардҳои ӯ дар бахши ситорашиносӣ бахшида шудааст.

Дар канори чапи пул расми муҷассамаи Мирзо Улуғбек тасвир гаштааст. Ҳамчунин дар он бо ранги сабз унсурҳое наққошӣ шудаанд, ки шахсони нобино метавонанд ба воситаи онҳо ҳаҷми пулро муайян кунанд.

Ёдрас мешавем, БМУ 15 январи соли равон хабар дода буд, ки Сенати Маҷлиси олии Узбекистон тарҳи пули 100-ҳазорсӯмиро тасдиқ кард. Мақомоти узбек он замон гуфтанд, ки пули нав ба хотири осон кардани кори сокинон ҳангоми истифода, нигаҳдорӣ ва интиқоли нақдина ба муомилот бароварда мешавад.

Вале чанд рӯз пас аз ин хабари БМУ манобеъ гуфтанд, ду дастгоҳи нашри асъори миллӣ дар ин кишвар шикастаанд ва эҳтимол дорад, пули нав нашр нашавад. Ба гуфтаи як манбаи огаҳ, дастгоҳҳо ба далели қатъи пайдарпайи нирӯи барқ корношоям шудаанд.

Дар Қазоқистон фаъоли боздоштшуда бистарӣ шуд

Дар шаҳри Уралски Қазоқистон фаъоли боздоштшуда Албек Ергазиев аз ошёнаи севуми идораи пулис фирор кард ва бо ҷароҳатҳои зиёд дар бемористон бистарӣ шуд. Ба навиштаи бахши Қазоқии Радиои Озодӣ, ин ҳодиса 17 феврал рух додааст.

Табибон ташхис карданд, ки чанд ҷои бадани вай шикаста ва сараш осеб дидааст. Дар ин бора хабарнигор Луқмон Ахмедёров дар саҳифаи Фейсбук хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Албек Ергазиевро кормандони пулис ахиран дар назди манзилаш боздошт карданд. Вай мехост, ба мулоқоти ҳокими вилояти Қазоқистони Ғарбӣ равад.

Наздикони Ергазиев аз додситонии шаҳри Уралск талаб карданд, ки гунаҳкорони ин ҳодиса ҷазо дода шаванд.

Албек Ергазиев бори аввал рӯзи 13 феврал дар толори Хонаи фарҳанг боздошт шуда буд. Он рӯз ҳокими Уралск бо сокинон мулоқот дошт. Албек бо навиштаҳои "Ислоҳоти иқтисодӣ дар Қазоқистон талаб дорам" ва "Судяҳои бевиҷдон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд" ба толор омада буд. Он рӯз Албек баъди се соати боздошт раҳо шуд.

"Туркменховаёлларӣ" барои ислоҳи вазъи худ аз коршиносони олмонӣ кумак хост

Ширкати миллии ҳавопаймоии Туркманистон (Туркменховаёлларӣ) барои бартараф кардани мушкилиҳо ва мутобиқсозии худ ба меъёрҳои байналмилалии амнияти ҳавоӣ аз ширкати "Lufthansa Consulting" кумак хостааст.

"Чанде пеш "Туркменховаёлларӣ" дар робита ба иҷрои талаботи Оҷонси амнияти ҳавонавардии Аврупо (EASA) бо мушкил рӯбарӯ шуд. Ширкат камбудиҳои худро эътироф мекунад ва ҳоло тасмим гирифтааст, дар ҳамкорӣ бо коршиносони ҳавоии олмонӣ онҳоро бартараф кунад", - омадааст дар изҳороти муштараки "Туркменховаёлларӣ" ва "LufthansaConsulting" аз 13 феврал.

EASA 4 феврал "Туркменховаёлларӣ"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид карда, парвози ҳавопаймоҳояшро ба Аврупо боз дошт. Оҷонсӣ гуфт, ҷониби Туркманистон бояд риояи меъёрҳои байналхалқии амниятиро тасдиқ кунад. Аммо дақиқ нагуфт, ки ширкат кадом меъёрҳоро вайрон кардааст.

Сафорати Амрико дар Туркманистон низ 7 феврал бо нашри як изҳорот аз кормандонаш хост, ки аз хадамоти ширкати ҳавопаймоии ин кишвар истифода накунанд.

Ба огаҳии сомонаи расмии "Туркменховаёлларӣ", ҳавопаймоҳои ин ширкат дар дохили Туркманистон рӯзона то 5 ҳазор мусофирро интиқол дода, дар як сол дар масирҳои дохиливу минтақавӣ ба ҳудуди 3 миллион нафар хидмат мерасонанд.

Дар Узбекистон мехоҳанд, созишномаи никоҳро ҳатмӣ кунанд

Мақомоти вилояти Намангони Узбекистон пешниҳод карданд, ки тавассути Кодекси оила шартномаи никоҳ ҳатмӣ карда шавад. Дар ин бора вазорати адлияи Узбекистон хабар дод. Дар ин пешниҳод гуфта шудааст, онҳое, ки шартномаи никоҳ надоранд, мақомоти САҲШ никоҳи онҳоро сабт накунанд. Пештар аз ин роҳбари шуъбаи такмили санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар бахши тақвияти институти оила Гулнора Ишанханова гуфта буд, ки замони бозбинии меъёрҳои Кодекси оилаи Узбекистон фаро расидааст. Вай пешниҳод карда буд, ки созишномаи никоҳ ҳатмӣ шавад. Ба гуфтаи Ишанханова, танҳо бо ҳамин роҳ мешавад, аз дахолати шахси севум ба ҳаёти хонаводаҳо пешгирӣ кард ва тақсими одилонаи амволу дороиро баъди талоқ ба роҳ монд. Ба иттилои расмӣ, дар соли 2018 аз 311,4 ҳазор никоҳ, ки дар мақомоти нотариалии Узбекистон ба қайд гирифта шуд, ҳамагӣ 219 шартномаи никоҳ сабт гардидааст.

Навраси қазоқ ду кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод

Мақомоти ҳолатҳои изтирории Қазоқистон мегӯяд, дар маҳаллаи Курсайи Чимкент як навраси 13-сола ду кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод.

Ба огаҳии департамент, шаби шанбеи 16 феврал дар яке аз манзилҳои зисти кӯчаи Жанакурилиси Курсай сӯхтор ба амал омад, ки дар дохилаш се кӯдак ҳузур доштанд. Кӯдаки калонӣ аз ҳамсояҳо кумак хостааст. Дар натиҷа навраси 13-солаи ҳамсоя то омадани кормандони оташнишонӣ ду кӯдаки 5 ва 3-соларо наҷот додааст. Манзили зист ба масоҳати 60 метри мураббаъ пурра ба коми оташ фурӯ рафтааст.

Кормандони оташнишонӣ сӯхторро дар давоми ду соат хомӯш кардаанд. Вазъи кӯдакони наҷотёфта муътадил арзёбӣ мешавад.

Гумонбарони дуздии маснуоти заргарӣ дар марзи Узбекистону Қирғизистон боздошт шуданд

Раёсати марзбонии Қирғизистон дар вилояти Ҷалолободи ин кишвар ҳамроҳ бо кормандони милиса гумонбарони дуздии маснуоти заргариро боздошт карданд. Дар ин бора рӯзи 17 феврал Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, дуздӣ аз Фурушгоҳи марказии Ҷалолобод сурат гирифтааст. Панҷ гумонбар ҳангоми убури гузаргоҳи марзии "Маданият" дар сарҳади Қирғизистон бо Узбекистон боздошт шуданд.

"Ҳангоми тафтиш аз онҳо маснуоти заргарӣ - зару зевари тило пайдо шуд. Баъди тартиб додани ҳуҷҷатҳо боздоштшудаҳо ба ихтиёри мақомоти милисаи вилояти Ҷалолобод супорида шуданд", - хабар медиҳад Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ҳайати Толибон аз сафар ба Исломобод худдорӣ кард

Акс аз бойгонӣ.

Толибон даври навбатии музокироти сулҳ дар Покистонро боздоштанд ва гуфтанд, ки аксари аъзои ҳайати музокиротӣ, ки таҳти таҳрими ИМА ва СММ мебошанд, сафар карда наметавонанд. Изҳороти мазкур рӯзи 17 феврал - як рӯз пеш аз сафари барномарезишудаи гурӯҳ ба Исломобод нашр шуд. Қарор буд ҳайати Толибон дар пойтахти Покистон бо нахуствазир Имрон Хон ва мақомоти амрикоӣ дидору гуфтугӯ мекарданд. Ҷузъиёти бештари ин мавзӯъ дар даст нест.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Афғонистон ба Шӯрои амнияти СММ аз сафари аъзои гурӯҳи Толибон ба Покистон номаи эътирозӣ ирсол кард. Дар номае, ки дастраси бахши покистонии Радиои Озодӣ шуд, гуфта мешавад, ки ташкили музокироти Толибон ва Покистон ба истиқлолияти миллии Афғонистон осеб мерасонад.

Дар нома аз он изҳори нигаронӣ шудааст, ки даъвати ҳайати Толибон аз ҷониби Имрон Хон барои музокирот ба Покистон баробар бо эътирофи расмии ин гурӯҳи мусаллаҳ ва таҳдидкунанда ба амнияту суботи Афғонистон мебошад, дар ҳоле, ки аъзои ин гурӯҳ мувофиқ ба муқаррароти Кумитаи таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ аз соли 1988 таҳрим шудаанд.

Толибон дар Давҳа, пойтахти Қатар дафтар доранд ва то ин замон ин музокирот дар ҳамин ҷо баргузор мешуд. Вале ба узвияти гурӯҳ ҳадди аққал панҷ собиқ зиндонии Гуантанамо ва дигар афроди марбут ба гурӯҳҳои ҷангӣ шомил мебошанд.

Ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан қатъ шуд

Ҳаракати мошинҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд муваққатан қатъ шудааст. Дар ин бора 18-уми феврал Далери Абдуллоҳ, сухангӯи намояндагии ширкати IRS дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, "бинобар зиёд гардидани тармафароӣ ва давомдор будани боришоти барф айни замон ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд". Аз аввали соли ҷорӣ ин бори севум аст, ки ҳаракат дар ин ҷодаи мошингард, ки марказ ва шимоли Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, барои муддате қатъ мешавад.

Ба иттилои Далери Абдуллоҳ, танҳо аз аввали моҳи феврал дар ин масир 185 тарма фаромадааст. Ҳафтаи қаблӣ як корманди ин ширкат зери ин тармаҳо дар наздикии нақби "Истиқлол" ҷони худ аз даст дод. Аз соли 2009 то ба ҳол 9 корманди ширкати IRS зимни тоза кардани ин роҳи мошингард аз барфу тарма ҷони худро аз даст додаанд.

Покистон сафирашро аз Ҳиндустон бозхонд

Дар паи афзоиши таниш дар миёни ду ҳамсояи ҳастаӣ, Покистон сафири худро аз Ҳинд бозхонд. Дар ин бора рӯзи 18 феврал вазорати хориҷаи Покистон хабар дод. Ин таҳаввулот баъди он рух дод, ки даҳҳо ниманизомии ҳиндӣ ва ду сарбози артиш дар ҳамлаҳои ҷудогонаи ахир кушта шуданд. Дар ҳодисаи ахир, дар минтақаи таҳти контроли Ҳинди Кашмир дар бархӯрд бо шӯришиён дасти кам чор сарбози ҳиндӣ, аз ҷумла як афсари калон ва як фарди мулкӣ кушта шуданд. Ин ҳодиса чанд рӯз баъди як ҳамлаи интиҳорӣ рух дод, ки дар он 41 ниманизомӣ дар минтақаи баҳсии Кашмир кушта шуд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, задухӯрд дар маҳаллаи Пинглани минтақаи Пулвана рух дод ва сарбози дигаре дар ин ҳодиса шадидан маҷрӯҳ шудааст. Матбуоти ҳиндӣ гузориш дод, ки задухӯрдҳо замоне сар шуд, ки ҷангиёни “Ҷаиши Муҳаммад” ба сӯи кормандони амниятӣ оташ кушоданд. Матбуоти ҳиндӣ гуфт, ки ҷустуҷӯи ҳамлаварон идома дорад, вале сарнавишти онҳо то ҳол маълум нест.

Боздошти афсари баландрутбаи милиса дар Душанбе

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон як афсари баландрутбаи вазорати умури дохилиро, ки ба шиканҷа ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мешуд, дастгир кардаанд.

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки подполковник Фарҳод Нурхонов, афсари Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми феврал дар Душанбе боздошт шуд.

Фарҳод Нурхонов, муовини сардори Шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ дар раёсати умури дохилии Душанбе ва Аваз Сабзаеву Икромиддини Аҳлиддин - кормандони идораи мазкур ба он гумонбар мешаванд, ки бо ифтитоҳи парвандаи сохта ба зидди як сокини Душанбе, аз ӯ ҳазорон доллар ришва хостаанд.

Як муфаттиши дигарро дар ин қазия ба ришваситонӣ муттаҳам мекунанд. Се корманди милисаро моҳи январ дастгир карданд, вале Фарҳод Нурхонов аз замон барои посух додан ба суолҳои тафтишот ҳозир намешудааст.

Ҳамза Солеҳов, ҷабрдида дар ин парванда аз ин пештар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки афсарони милиса ӯро азобу шиканҷа дода хостанд, ки иттиҳоми ҳифз ва қочоқи маводи мухаддиро бар дӯш бигиранд.

Дар Додситонии кулл гуфтанд, ки Фарҳод Нурхонов рӯзҳои наздик бо ҷабрдида рӯ ба рӯ карда мешавад. Ҷузъиёти парванда инҷост.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Қарори нави ҳукумат -- сабти симкорт танҳо бо шиносномаи нав
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:58 0:00
XS
SM
MD
LG