Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олии Қирғизистон муҳлати зиндони се маҳбуси сиёсиро кам кард


Додгоҳи олии Қирғизистон қарори додгоҳҳои зинаҳои поёниро нисбати се зиндонии сиёсӣ бетағйир гузошт, аммо муҳлати ҳабси онҳоро кам кард.

Бо қарори додгоҳ аз рӯзи 7 июн, муҳлати зиндони Бектур Асанов ва Кубаничбек Қодиров аз 12 ба 8 сол кам шуд. Муҳлати зиндони 20-солаи Эрнест Қорибеков то ба 6 сол кам карда шуд.

Ин се нафар моҳи марти соли 2016 замоне боздошт шуданд, ки садои монанд ба гуфтугӯи онҳо дар Интернет нашр шуд. Ин се зиндонӣ дар бораи роҳҳои табаддулот суҳбат мекарданд. Асанов пеш аз боздошташ гуфт, ки суҳбати мазкур бофта ва дурӯғ аст.

Ин се фаъоли сиёсиро бо айби тариқи зӯрӣ ғасб кардани ҳукумат зиндонӣ карданд.

Видеоҳои охирин

Ҳукумати Ҳиндустон мехоҳад барои "се талоқ" муҷозот кунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:07 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG