Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёвари Трамп баъд аз шӯхии ноҷо дар бораи Ҷон Маккейн Кохи Сафедро тарк кард


Ёвари президенти ИМА дар умури робита бо ҷомеа Келли Сэдлер баъд аз як шӯхии номуносиб дар бораи сенатори 81-солаи бемор Ҷон Маккейн Кохи Сафедро тарк кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 7 июн хабар дод.

Сэдлер моҳи гузашта ҳангоми суханронӣ дар як ҷаласа пешниҳод кард, ки эътирози Маккейнро дар робита ба номзади пешниҳодии президент нодида бигиранд. Вай гуфт, назари сенатор "аҳамият надорад, чун ӯ ба ҳар сурат хоҳад мурд".

Ин суханҳои Сэдлерро расонаҳо нашр карданд, ки вокунишҳои тундеро ба бор овард. Кохи Сафед ҳарфҳои ӯро рад ё такзиб накард. Дар ҳоли ҳозир, маълум нест, ки Сэдлер бо хоҳиши худ Кохи Сафедро тарк намуд ё вайро барканор карданд.

Маккейн, ки ба саратони табобатнашавандаи мағзи сар гирифтор аст, яке аз мунаққидони маъмурияти Доналд Трамп шумурда мешавад. Ин сенатори амрикоӣ, ки 5 сол дар асорати ветнамиҳо буд, тавсия дод, зидди номзадии Ҷина Хаспел ба мақоми сардори Идораи марказии тафтишотӣ овоз диҳанд. Хаспел пештар зиндони идораи мазкурро дар Ироқ раҳбарӣ мекард, ки дар он маҳбусон шиканҷа мешуданд.

Трамп соли 2015 ошкоро гуфт, ки хидматҳои Маккейнро эътироф намекунад. "Вай барои он қаҳрамони ҷанг шумурда мешавад, ки асир афтода буд. Ба ман шахсоне писанданд, ки ба асорат наафтодаанд", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG