Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон аз лиҳози сулҳдӯстӣ ба даҳгонаи охир шомил гашт


Мақоми Қазоқистон дар "Шохиси ҷаҳонии сулҳдӯстӣ" дар муқоиса ба соли гузашта ду зина поин рафтааст. Ин раддабандӣ дар асоси нишондодҳои шумори кушторҳо, теъдоди низомиёну кормандони пулис ва харҷҳо ба бахши ҳарбӣ таҳия мешавад. Гузориши нав рӯзи 7 июн нашр шуд.

Қазоқистон дар раддабандии нави Пажуҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ дар мақоми 70-ум қарор дорад.

Он дар радифи кишварҳое ҷой гирифтааст, ки иқтисоди онҳо бо оқибатҳои коҳиши арзиши ашёи хом дар ҷаҳон рӯбарӯ шуда, ба далели вобастагии иқтисодӣ аз Русия таъсири таҳримҳои Ғарбро эҳсос карданд.

Дар раддабандии мазкур 13 кишвар, аз ҷумла Исландия, Зеландияи нав, Австрия, Португалия, Канада ва Австралия ба ҷойгоҳи баландтар расиданд. Русия дар миёни 163 кишвар мақоми 154-умро касб кардааст.

ИМА дар ҷойи 121-ум қарор дорад. Коршиносон мегӯянд, ИМА дар баробари Русия, Олмон ва Чин яке аз бузургтарин содиркунандаҳои силоҳ ба шумор меравад.

Видеоҳои охирин

"Электрошокер" – силоҳи зани тоҷик дар муқобили бадрафторӣ
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:56 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG