Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири хориҷаи Фаронса: Мо мухолифи бозбинии таҳримҳои Русия ҳастем


Вазири хориҷаи Фаронса гуфт, Париж мухолифи ба таври сареъ бозбинӣ шудани таҳримҳои болои Русия аст, ки бо сабаби шурӯи ҷанг дар шарқи Украина ҷорӣ шудааст. Жан-Ив Ле Дриан рӯзи 6 июн гуфт, ки шарти аслии ҷорӣ шудани таҳримҳо сулҳ дар Украина мебошад. Изҳороти вазири хориҷаи Фаронса дар посух ба нахуствазири нави Итолиё садо дод, ки гуфт, талош мекунад Иттиҳодияи Аврупоро ба бозбинии таҳримҳои сол 2014 водор кунад.

Ин таҳримҳо дар паи ишғоли Қрим ва ҳам пуштибонии Русия аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина ҷорӣ шуд. Маскав иттиҳоми пуштибонӣ аз ҷудоиталабонро рад мекунад. Ле Дриан гуфт: “Вақте мо ба пешравӣ (дар масъалаи хатми ҷанг дар Украина) даст ёфтем, метавонем дар масъалаи таҳримҳо суолгузорӣ кунем ва ин ҳамон чизест, ки мо ба Итолиё гуфтанӣ ҳастем”. Ин нуктаро вазир дар як мусоҳибааш бо радиои “Europe 1” садо дод.

Нахуствазири нави Итолиё Ҷузеппе Конте рӯзи 5 июн дар муроҷиат ба аъзои палатаи болоии парлумони кишвараш гуфт, ки ӯ дар самти ҳамкорӣ бо Русия ва ҳам бозбинии системаи таҳримҳо талош ба харҷ хоҳад дод. Изҳороти Конте дар рӯзе садо дод, ки президент Владимир Путин бо як сафари корӣ дар шаҳри Венаи Австрия қарор дод. Путин гуфт, “ҳама ҳавасманди бекор шудани таҳримҳо аст, мо ҳам ҳамчунин”. Вай гуфт, таҳримҳо ва поён рафтани арзиши нафт боиси рукуди дусолаи иқтисодӣ дар Русия шуд”.

Видеоҳои охирин

Ба Зуҳро ва шаш фарзандаш хонаи нав доданд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG