Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Аврупо аз ИМА: ширкатҳои ҳамкори Эронро таҳрим накунед


Дар номае ба унвонии раҳбарияти маъмурияти ИМА, мақомоти кишварҳое аврупоӣ, ки зери созишномаи соли 2015 бо Эрон имзо гузоштаанд, аз ИМА дархост карданд, ки ширкатҳои аврупоии ҳамкор бо Эронро аз тадбирҳои муҷозоткунанда озод кунад. Ин нома аз номи вазирони умури хориҷӣ ва ҳам молияи Олмон, Фаронса ва Бритониё, инчунин раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 4 июн ба унвонии вазири молия ва ҳам котиби департаменти давлатии ИМА ирсол шуд.

Моҳи апрел президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки кишвараш аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун мешавад ва таҳримҳои нави иқтисодиро болои ин кишвар таҳмил мекунад. Аврупоиҳо ҳоло талош доранд, ки худи созишро ҳифз кунанд, дар ин ҳолат Эрон ҳам аз таҳримҳои иқтисодӣ раҳо мешавад.

Дар дархости аврупоиҳо аз ИМА тақозо шудааст, ки бахшҳои дорусозӣ, сиҳҳатӣ, энержӣ, авиатсия, инфрасохтор, мошинсозӣ ва бонкдориро муҷозот накунанд.

Дар номаи аврупоиҳо гуфта шудааст, ки Эрон набояд аз системаи байналмилалии интиқоли маблағҳои SWIFT бурида шавад.

Видеоҳои охирин

Норак баъди чор моҳи ҳамла ба сайёҳон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:01 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG