Пайвандҳои дастрасӣ

IRS беш аз ними роҳи Душанбе-Чаноқро бозсозии куллӣ мекунад


Ширкати IRS, масъули нигоҳубини роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ тасмим гирифтааст то оғози мавсими боришот 171 километри ин роҳро пурра таъмир кунад. Далери Абдулло, сухангӯи ин ширкат 6 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "аллакай бозсозии роҳ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Варзоб оғоз шуд ва рӯзҳои наздик корҳои таъмирӣ дар водии Зарафшон низ шурӯъ мешавад. Раҳбарияти ширкат бо дарназардошти корношоям шудани бархе аз қитъаҳои роҳ тасмим гирифт, ки дар 171 километри ҷоддаи 368-километрӣ таъмири куллӣ анҷом диҳад. Барои ин кор мо 181 адад техникаи пуриқтидор ҷалб кардаем ва се корхонаи асфалтбарории мо метавонанд дар як соат то 70 тонна асфалт тавлид кунанд".

Дар посух ба ин савол, ки сарнавишти қитъаи тахрибшудаи роҳ дар минтақаи Хушекат чӣ шуд, Далери Абдулло гуфт, ки "ин қитъаи роҳ барқарор карда шуд ва ҳаракати нақлиёт тавассути он таъмин аст. Аммо раҳбарияти ширкат тасмим гирифтанд зербанои ин қитъаи роҳро қавитар созанд ва паҳноии он низ зиёд карда мешавад. Феълан ин корҳо идома доранд ва баъд аз мумфарш шудани ин қитъа ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиётӣ таъмин мешавад".

Видеоҳои охирин

"Электрошокер" – силоҳи зани тоҷик дар муқобили бадрафторӣ
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:56 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG