Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Итолиё ҷонибдори бекор шудани таҳримҳои Русия мебошад


Нахуствазири Итолиё Ҷузеппе Конте гуфт, ки барои ҳукумати ӯ масоили мисли хотима додан ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва тақвияти робитаҳо бо Русия дар авлавияти кор қарор хоҳад гирифт. Конте рӯзи 5 июн дар суханронии худ дар палатаи болии парлумони кишвараш гуфт, ки ҳукуматаш “барои наздиктар шудан бо Русия талош мекунад” ва як бахши он, ба гуфтааш, бекор кардани таҳримҳои иқтисодии Русия мебошад. Вай гуфт, ки ин таҳримҳо “ҷомеаи маданӣ”-ро осеб мерасонад.

Ин изҳорот баъди он садо дод, ки сенаторҳо рӯзи 5 июн ба ҷонибдории эътилофи нави популистии ҳукуматӣ овоз доданд. Раҳбарони нави Итолиё дар пешорӯи ду ҳодисаи муҳим қарор дорад. Яке ҳамоиши кишварҳои узви “Гурӯҳи 7” дар Канада аст, ки қарор аст 8 ва 9 июн баргузор шавад. Дигарӣ ҳамоиши Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел аст, ки сари масъалаи бӯҳрони муҳоҷират ва ислоҳот дар қаламрави истифодаи евро тамаркуз мекунад. Конте гуфт, ки мехоҳад системаи таҳримҳоро бозбинӣ кунад.

XS
SM
MD
LG