Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи миёндаврӣ дар Ванҷ бидуни рақобат баргузор мешавад


Ноҳияи Ванҷ

Қарор аст 17-уми июни соли ҷорӣ дар ҳавзаи якмандатии Ванҷи вилояти Бадахшони кӯҳии Тоҷикистон интихоботи миёндаврӣ ба курсии вакили Маҷлиси намояндагони кишвар баргузор шавад. Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин интихобот танҳо як номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон сабт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ин номзад “Нуралӣ Риёев, муовини раиси вилояти Бадахшони кӯҳӣ мебошад. Ҳизбҳои дигар ва гурӯҳҳои сокинон барои пешбарии номзадҳо ба мо муроҷиат накарданд”.

Интихоботи миёндаврӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба ҷойи курсии Муҳаббатшо Рӯзадор, вакили порлумон аз ин ҳавза баргузор мешавад, ки 19-марти соли ҷорӣ бар асари бемории қалб фавтида буд.

Видеоҳои охирин

Идора сохтанду ҳамчун манзили зист фурӯхтанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:47 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG