Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳр ва рашк дар "Кӯчаи арабҳо"-и Берлин. ВИДЕО


Як кӯчаи арабнишин дар Берлин, ки солҳои тӯлонӣ гӯшаи сокиту камодам буд, ҳоло ба яке аз кӯчаҳои серодам ва пурғавғо табдил шудааст. Сабаби он ҳам сели азими муҳоҷирон аст, ки ба Олмон омаданд. Аммо аз омадану ҳузури онҳо дар инҷо на ҳама хурсанданд.

Аммор Қосим, соҳиби тарабхонаи "Ал-Димишқӣ", мегӯяд, "ба мо борҳо гуфтаанд, ки ба Шумо зуд мақоми паноҳандагӣ доданд. Шумо кор мекунед. Худоро шукр гӯед. Мо шукр мекунем, аммо чаро инро ба мо мегӯед? Мо ҳам мисли Шумо ба инҷо ба ҳайси паноҳҷӯ омадем."

Аммор Қосим молики маъруфтарин ресторан дар кӯчаи Сонненалӣ дар Берлин аст, ки онро Кӯчаи арабҳо меноманд. Тарабхона рамзи муҳаббат ва ҳам нобоварӣ байни ҷомеаи арабҳост, ки даҳсолаҳо инҷо зиндагӣ кардаанд ва рамзи пешрафт барои паноҳҷӯёни Сурия ба мисли қассоби собиқ Аммор, ки аз Димишқ омадааст. Онҳое, ки аз қабл омадаанд, ба ин назаранд, ки ҳукумати Олмон ба паноҳҷӯёни Сурия муносибати хос ва беҳтар дорад.

Меҳр ва рашк дар "Кӯчаи Арабҳо" дар Берлин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Пеш аз онки инҷо Кӯчаи арабҳо ном бигирад, Бейрути хурд унвон дошт. Кӯчаи ороме бо мағозаҳои лубнонӣ ва фаластинӣ буд.

Аммор Қосим гуфт, "тавре рафтор мекунанд, ки гӯиё онҳо бумӣ ҳастанд ва мо паноҳҷӯ. Албатта, на ҳамаи онҳо. Ҳоҷӣ бо мо мисли писаронаш рафтор мекунад."

Ҳоҷӣ Мансур Аъзам размандаи собиқи фаластинӣ аст, ки солҳои 90-ум ба Олмон омадааст. Ҳоло як оштидиҳандаи байни ду тараф аст. Вақте Аммор соли 2016 инҷо тарабхона боз кард, гурӯҳҳои ҷиноии арабӣ барои ҳимоят аз ӯ пул хостанд. Ҳоҷӣ Мансур ба миён даромад, барояш ҷойи нав ёфту шарикаш шуд.

Мансур Аъзам гуфт, "ба сабаби ҷанги ҷиддӣ дар Сурия ба мардуми он муносибат дигар аст. Ба баъзеҳо дар се сол мақоми паноҳҷӯ доданд, ба дигарон кумакҳои башарӣ. Ин як чизи маъмулӣ аст. Муносибат ба фаластиниёну лубнониҳо дигар аст, баъзеҳо баъди 8-9-10 сол мақоми паноҳҷӯ гирифтаанд. Вале барои ин набояд ба паноҳҷӯёни навомада рашк кунанд."

Ҳоҷӣ Мансур кумитаи моликони мағозаҳоро таъсис додааст, то аз ин роҳ дар ҳалли баҳсҳо ва ба ҳам овардани паноҳҷӯён мусоидат кунад.

XS
SM
MD
LG