Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Раҳмон дар Чин мулоқот мекунанд


Дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри чинии Тсиндао рӯзи 9 июн қарор аст мулоқоти президентони Русия ва Тоҷикистон – Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон баргузор шавад. Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия рӯзи 5 июн ба матбуот гуфт, ки дар ҷараёни ин мулоқот ҳамкориҳои ду кишвар дар масоили дуҷониба ва ҳамчунин дар масоили марбут ба масоили байналмилалӣ баррасӣ мешавад.

Ушаков гуфт, ки Тоҷикистон ва Русия дар созмону иттиҳодияҳои байналмилалии мисли СММ, Муштарак-ул-Манофеъ, СПАД, САҲА ва СҲШ аз мавқеи ҳамсон кор мегиранд. Дар ин музокирот инчунин муборизаи муштарак зидди терроризми байналмилалӣ ҳам баррасӣ мешавад, гуфт Ушаков.

Ба иттилои ӯ, Путин қарор аст дар ҳошияи нишасти сарони СҲШ бо раҳбарони Чин, Муғулистон, Покистон, Эрон ва Узбекистон ҳам сӯҳбат кунад.

Нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Чин рӯзҳои 9 ва 10 июн баргузор мешавад. Дар нишасте, ки бо иштироки кишварҳои узв - Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳинд ва Покистон баргузор мешавад, масоили амнияти минтақавӣ ва ҳам ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG