Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек дархости паноҳандагии фаъоли қазоқро баррасӣ мекунад


Хадамоти муҳоҷирати Қирғизистон хабар дод, ки дархости паноҳандагии фаъоли сиёсӣ ва блогнависи қазоқ Муродбек Тунгишбоевро баррасӣ мекунад.

Ҷипар Мамбетова, як масъули хадамоти муҳоҷират рӯзи 5 июн ба бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ҷараёни баррасии дархости паноҳандагии Тунгишбоев метавонад, то як сол давом кунад.

Мақомоти махсуси Қирғизистон 10 май Тунгишбоевро дар шаҳри Бишкек боздошт карданд. Гуфта мешавад, ин фаъоли қазоқ аз соли 2014 ба ин тараф дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зиндагӣ мекард. Баъдтар хабар дода шуд, ки боздошти Тунгишбоев бо дархости ҷониби Қазоқистон сурат гирифтааст. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Муродбек Тунгишбоевро ду моҳ ба ҳабс гирифт.

Додситонии кулли Қирғизистон рӯзи 21 май истирдоди ин фаъоли сиёсиро ба Қазоқистон тасдиқ кард. Тунгишбоевро дар Қазоқистон дар содир кардани ҷиноятҳои "сармоягузории гуруҳи ҷиноятӣ" ва "ташкил ва ширкат дар созмони ҷиноӣ" айбдор мекунанд. Гап дар бораи эҳтимоли ҳамкории Тунгишбоев бо ҳаракати "Интихоботи демократии Қазоқистон" меравад, ки аз сӯи мухолифи сиёсии қазоқ Мухтор Аблязов таъсис шудааст.

Вакилони дифои Тунгишбоев дар шаҳри Бишкек аз болои қарори истирдоди ӯ ба Қазоқистон, ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

XS
SM
MD
LG