Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусалмонон метавонанд вақфу закотро тариқи Интернет пардозанд


Ширкати Click дар ҳамкорӣ бо Бунёди хайриявии "Вақф" имкон фароҳам оварданд, ки мусалмонони Узбекистон вақфу закоташонро тавассути Интернет ва хидматрасонии иртиботи мобилӣ пардохт кунанд. Дар ин бора рӯзи 5-уми июн бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Акнун анҷом додани пардохтҳои ҳатмии мусалмонӣ тавассути ҳамаи низомҳо ва дар ҳар макон мумкин шуд.

Закоту вақфи пардохтаи мусалмонҳо дар Узбекистон ба суратҳисоби махсуси Фонди ҷамъиятии "Вақф" интиқол ёфта, баъдан дар умури динӣ сарф мешавад.

"Роҳандозии чунин низом рӯйдоди ҷолибест. Бо назардошти он ки чунин имкон дар моҳи Рамазон иттифоқ афтод, ҳамаи мусалмонҳоро хушҳол мекунад", - гуфт Улуғбек Рустамов, мудири кулли ширкати Click.

Бунёди ҷамъиятии хайриявии "Вақф" ибтидои моҳи майи соли ҷорӣ дар Вазорати адлияи Узбекистон сабти ном шуд. Яке аз ҳадафҳои бунёди мазкур сармоягузорӣ дар бозсозии масҷидҳо, маконҳои муқаддас ва дигар иншооти динӣ унвон мешавад.

XS
SM
MD
LG