Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанг" барои зану замин. Марги фоҷиабори ду хирс дар Тоҷикистон


Ду хирси нодири нохунсафед ҳангоми занозанӣ дар деҳаи Ҷавзодараи ноҳияи Мӯъминобод аз баландии сад метр афтода, ҳалок шудаанд. Ҳодиса ҳафтаи гузашта рух додааст.

  • Занозании онҳоро шикорчиёни маҳаллӣ дидаанд. Ҳарду хирс нарина буда, тақрибан 7-8 сол доранд.

Халил Каримов, аспиранти Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки бо созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳифзи ҳайвоноти нодир кор мекунад, рӯзи 5-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷанги ин хирсҳо бо эҳтимоли зиёд барои хирси модина ва ҳудуди таҳти назорат сурат гирифтааст.

Халил Каримов
Халил Каримов

“Ҳудуди зери назорати хирси нарина то 80 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Маъмулан, хирси ҷавонтар ба ҳудуди хирси дигар ворид мешавад то ҳудуд ва ҳамсари ӯро аз худ кунад. Вақте пирӯз шуд, рафта бачаҳои ӯро мекушад ва модина дубора хоҳиши алоқаи ҷинсӣ пайдо мекунад. Ҷанг барои зану ҳудуд шудааст.”

Халил Каримов мегӯяд, ҳар хирси нохунсафед дар ҳудуди худ аз се то чаҳор ҳамсарро нигаҳдорӣ мекунанд. Ба қавли ӯ, дар сурати фавти хирси нар, хирсҳои дигар ба қаламрави ӯ ворид мешаванд ва фарзандони ӯро кушта, модинаҳоро аз худ мекунанд. Аз ин рӯ, ӯ мегӯяд, дар пайи ин ҳодиса эҳтимоли ҳалокати хирсбачаҳо вуҷуд дорад.

Ғолибшоҳ Муллоёров, донишҷӯи факулати туризми Донишгоҳи Кӯлоб, ки барои гирифтани намуна аз ин хирсҳо ба Мӯъминобод сафарбар шудааст, мегӯяд, эҳтимол онҳо 7-8 сол доранд.

Аз рӯйи дандон синни хирсҳоро дақиқ мекунанд.

Хирси нохунсафед навъи нодири хирс аст, ки шумораи он хеле кам боқӣ мондааст. Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон танҳо дар ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори куҳистони Бадахшон 20 сари он ҳисоб шудааст ва шумораи он дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон маълум нест.

Дар Тоҷикистон шумораи хирсон ба 2 ҳазор сар мерасад.

XS
SM
MD
LG