Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз таъини Медведев ба мақоми нахуствазирӣ аксари русҳо норозӣ будаанд


Сочи, соли 2015
Сочи, соли 2015

Пурсиши нави афкори умум мегӯяд, ки аксар сокинони Русия аз таъини дигарбораи Дмитрий Мевдевев ба мақоми нахуствазири ин кишвар розӣ нестанд. Маркази “Левада” дар як пурсише, ки моҳи май анҷом шудааст, маълум кард, ки 51 дарсади ширкатдорон аз ҳифз шудани “тандем” ё тими Путин ва Медведев розӣ нестанд. 41 дар сад гуфтаанд, ки аз ин тасмим қисман ё пурра ҷонибдорӣ мекунанд. Дигарҳо гуфтаанд, ки посух додан ба ин савол барояшон мушкил аст. Дар пурсиш 1600 сокини Русия иштирок кардаанд. Путин рӯзи 7 май барои бори чорум дар мақоми президентӣ савганд ёд кард ва ҳамон замон Медведеви 52-соларо ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ кард. Ин ду раҳбар аз соли 2008 ба ин сӯ қудратро дар Русия дар дасти худ нигаҳ медоранд. Дар ин муддат як дафъа барои чор сол Путин дар мақоми нахуствазирӣ кор карда курсии президентиро Медведев ишғол кард ва баъди ин дубора ба курсии раҳбарӣ баргашт.

XS
SM
MD
LG