Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ҳизби зидди муҳоҷирон дар интихоботи Словения


Януш Янза

Шумориши тахминан ҳамаи баргаҳо дар интихоботи парлумонии Словения нишон медиҳад, ки ҳизби ростгарои зиддимуҳоҷирон ба раҳбарии нахуствазири пешин аз рақибонаш хеле пеш гузаштааст. Комиссиюни давлатии интихоботӣ рӯзи 4 июн гуфт, ки дар паи шумориши 90 дар сади баргаҳо маълум мешавад, ки ҳизби Демократии Янез Янша 25 дар сади раъйҳоро ба даст оварда, аз 90 курсии маҷлис 25 курсиро насиби аъзои ин ҳизб кардааст.

Дар ҷои дуюм бо 12,7 дар сади овозҳо ҳизби марказу чапгарои сиёсатмадор ва ҳунарпеша Марян Шарес қарор гирифт. 13 курсии парлумон ҳам насиби ин ҳизб шуд. Се ҳизби дигари демократӣ, марказии замонавӣ ва ҳизби нахуствазири амалкунанда ҳамагӣ тахминан 9-дарсадӣ овоз гирифтанд.

Агар ҳамин натиҷаҳо ҳифз шаванд, ба ҳизби ғолиби интихобот барои ташкили ҳукумати эътилофӣ бо дигар гурӯҳҳо вориди музокирот шудан лозим меояд. Вале ҳизбҳои дигар гуфтаанд, ки омода нестанд, ки бо ҳизби ростгаро ҳамкорӣ кунанд. Янеш Янза гуфтааст, ки барои музокирот бо ҳизбҳои дигар “дарҳоро боз гузоштааст”.

Видеоҳои охирин

Тақдими шаҳрвандии Русия осонтар мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:24 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG