Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Озарбойҷон шикояти Озодиро рад кард


Додгоҳе дар Озарбойҷон шикояти бахши Озарии Радиои Озодиро, ки аз масдуд шудани дастрасӣ ба вебсайти он шикоят кардааст, рад намуд.

Вазорати мухобирот ва фанновариҳои навини Озарбойҷон моҳи марти соли 2017 бар асоси шикояти Додситонии кулли он кишвар дастрасӣ ба вебсайти azadliq.org-ро масдуд кард. Додситонии кулли Озарбойҷон гуфта буд, ки ин вебсайт “ба амнияти миллӣ хатар дорад”.

Ин тасмим, инчунин, марбут ба нашрияи мухолифи Azadliq, телевизиони Meydan TV ва ду барномаи телевизионии интернетӣ ҳам шуд.

Дар пайи шурӯи муҳокимаҳо, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми майи имсол ба додгоҳи шаҳри Боку шикоят кард ва аз вазорат хост, дастрасӣ ба вебсайт барқарор шавад. Президенти РАО/РО Томас Кент рӯзи 12-уми май гуфт, ин тасмим “бахше аз маъракаи махсуси” хатми пахши хабару гузоришҳо дар ин кишвар мебошад.

Видеоҳои охирин

Дастурхони хоксоронаи зани тоҷик дар Иди Қурбон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:17 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG