Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон даъвогари баргузории нахустин бозиҳои этноолимпӣ шуд


Қазоқистон талош дорад, ки нахустин Бозиҳои олимпиро аз рӯи намуди варзишҳои миллӣ баргузор кунад. Дар ин бора рӯзи 4 июн Кумитаи варзиши Қазоқистон хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, ЮНЕСКО тасмим дорад, соли 2021 нахустин бозиҳои қавмиро баргузор кунад. Қазоқистон яке аз чаҳор кишварест, ки даъво дорад, ин бозиҳо дар он ҷо баргузор шаванд. Туркия, Канада ва Куриёи Ҷанубӣ ҳам аз даъвогарон ҳастанд.

Марселлин Деллӣ, ҳамоҳангсози кумитаи ЮНЕСКО дар умури навъҳои варзиши анъанавӣ гуфт, эҳтимоли зиёд мавҷуд аст, ки барои баргузории бозиҳо интихоб рӯи Қазоқистон сурат гирад.

"Мо бо кишвари шумо ҳамкории тӯлонӣ дорем ва бовар ҳаст, ки бозиҳо дар ин ҷо дар сатҳи хуб сурат мегиранд. Дар ояндаи наздик мо ба баррасии лоиҳа шуруъ мекунем", - гуфт вай.

Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон талош дорад, ки Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиёнро шомили рӯйхати ЮНЕСКО гардонад. Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён бори севум аст, ки дар Қазоқистон ташкил карда мешавад.

XS
SM
MD
LG