Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти шиканҷа шудани се сокини Раштро додситонии кулл месанҷад


Додгоҳи олии Тоҷикистон аз додситонии кулл дархост кард, ки шикояти се боздоштшуда аз шиканҷа шуданашон дар боздоштгоҳ санҷида шавад. Эътилофи зидди шиканҷа рӯзи 4 июн бо пахши изҳороте гуфт, ки Додгоҳи олӣ дар посух ба вакили дифои Маркази мустақили ҳуқуқи инсон (созмони узви Эътилофи зидди шиканҷа) гуфтааст, ки шикояти се сокини ноҳияи Рашт – Саидмурод Абдураҳмонов, Мададшо Ятимов ва Иброҳим Каҳҳоров санҷида мешавад.

Адвокат Ориф Султонов, ки аз ҳуқуқи ин се нафар ҳимоят мекунад, гуфт, додситонии ноҳияи Рашт 12 январи имсол нисбати ин се нафар аз рӯи иттиҳоми куштор ва бандитизм парванда боз кард. Гумонбарон гуфтаанд, ки дар ҷараёни баёнот ин се нафар аз ҷониби нозири минтақавӣ ва кормандони ҷустуҷӯи ҷиноии Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Рашт шиканҷа шудаанд. Гумонбарон гуфтаанд, ки онҳоро ба қисмати поини пой ва болои сарашон задаанд ва дар натиҷа яке аз гумонбарон Саидмурод Абдураҳмонов кар шудааст.

Гумонбарон аз рӯи куштори бознашудаи соли 1998 боздошт шуданд. Тафтишот гуфт, ки 19 сентябри он сол раҳбари фермаи деҳаи Ялдамичи ҷамоати Қалъанаи ноҳияи Рашт Акбар Маҳмадов аз ҷониби афроди ношинос кушта шуд. Вакили дифоъ Ориф Султонов гуфт, ки ин се нафар “таҳти шиканҷа гуноҳро ба гардан гирифтанд”. Вакили дифоъ гуфт, ки ҳуқуқшиносони Маркази мустақили ҳуқуқи инсон шиканҷа шудани гумонбаронро собит карда дар ин бора ба унвонии Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ВКД номаи шикоятӣ навиштанд.

Мавзӯи шиканҷа ба хотири гирифтани эътирофи гуноҳ дар муассисаҳои тафтишотии Тоҷикистон яке аз мушкилотест, ки онро ҳомиёни ҳуқуқи башар пайваста интиқод мекунанд. Ин мавзӯъ дар гузоришҳои ахири СММ низ зиёд ҳамчун масъалаи мавриди нигаронӣ таъкид шудааст.

XS
SM
MD
LG