Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маттис: Куриёи Шимолӣ то иқдом накунад, имтиёзе намегирад


Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико
Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико

Ҷеймз Маттис, вазири дифои Амрико гуфт, то замоне ки Куриёи Шимолӣ дар заминаи поксозии нимҷазираи Куриё аз силоҳи атомӣ қадами ошкор барнадорад, имтиёзе нахоҳад гирифт. Маттис рӯзи 3-юми июн ҳангоми суҳбат бо вазирони дифои Ҷопон ва Куриёи Ҷанабӣ дар ин бора таъкид кард.

Ӯ гуфт, “ба Куриёи Шимолӣ замоне имтиёз дода хоҳад шуд, ки дар роҳи ғайриатомӣ шудани минтақа иқдоми собит ва ошкор аз худ нишон диҳад”.

Ин изҳороти вазири дифои Амрико дар ҳолест, ки президент Доналд Трамп рӯзи ҷумъаи гузашта гуфт, 12-уми июн бо Ким Чен Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ мулоқот хоҳад кард. Трамп қаблан як дафъа дар мавриди лағви ин мулоқот суҳбат карда буд. Аммо дубора рӯи тасмими аввали худ бозистод.

XS
SM
MD
LG