Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили қирғиз тавассути Тоҷикистону Русия ба Амрико фирор кардааст


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон вакили порлумони ин кишвар Аскарбек Шодиевро дар ҷустуҷӯ эълон кард. Дар ин бора бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гузориш медиҳад.

Ба иттилои ниҳоди мазкур, як рӯз пеш аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ, 27 апрел, Шодиев ба ҷанозаи хешаш ба шаҳри Исфанаи вилояти Бодканд рафта ва баъдан ғайриқонунӣ марзи Қирғизистону Тоҷикистонро убур кардааст.

Шодиев дар рӯзи кушодашавии парванда, 28 апрел, бо ҳавопаймои "Хуҷанд-Москва" бо истифода аз шиносномаи дипломатии Қирғизистон ба Русия ва аз он ҷо ба шаҳри Ню-Йорки ИМА парвоз кардааст.

Нисбати Аскарбек Шодиев рӯзи 31 май бо моддаи "Сӯистифода аз мақоми хизматӣ" айбдор шуд. Додгоҳ ӯро дар ғайбаш ба ҳабс маҳкум кард.

Дамир Сагинбоев, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон пештар аз ин гуфт, ки Шодиев ҳудуди Қирғизистонро тарк накардааст. "Агар вай Қирғизистонро тарк карда бошад, пас нисбаташ айби иловагии убури ғайриқонунии марз эълон мешавад", - афзуд Сагинбоев.

Додситонии кулли Қирғизистон нисбати Аскарбек Шодиев рӯзи 28 апрел бо гумони аз худ кардани 2 млн 61 ҳазор сом (наздики 30 ҳазор доллари ИМА)-и буҷаи порлумон парванда боз кард. Ин маблағ барои ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов ҷудо шуда буд.

XS
SM
MD
LG