Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Покистон қонуни марбут ба манотиқи қабиланишинро имзо кард


Президенти Покистон Мамнун Ҳусайн қонунеро имзо кард, ки минтақаҳои қабиланишинро бо вилояти Хайбар Пахтунхва муттаҳид ва ба тахминан 5 миллион сокини ин қаламрав ҳуқуқи баробар бо шаҳрвандони дигари Покистонро таъмин мекунад.

Ин қонун рӯзи 31 май дар Исломобод имзо шуд. Қаблан қонун дар палатаҳои болоиву поёнии парлумон тасвиб шуд ва раъйи зарурии маҷлиси вилояти Хайбар Пахтунхваро ҳам ба даст овард.

Мақоми хоси минтақаҳои қабиланишин, ки берун аз қонунгузории умумии Покистон аст, аз замони ҳукумати мустамликадории Бритониё ҳифз шуда ҳатто баъди касби истиқлолияти Покистон аз Лондон дар соли 1947 ҳам дар ҳамин ҳолат нигоҳ дошта шуд.

Исми онҳо – Минтақаҳои қабиланишини маъмурияти федеролӣ (FATA) аз 7 қаламрав иборат аст: Баҷаур, Дир, Хайбар, Моҳманд, Пайвор Котали воқеъ дар минтақаи Куррам, Гузаргоҳи Булон ва Гомал дар Вазиристони Ҷанубӣ. Ин қаламравҳо, ки бештар кӯҳистонӣ мебошанд, дар хати марз бо Афғонистон ҷой гирифтаанд.

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки рӯзи 31 май ҳукумати нахуствазир Шаҳид Хоқон Аббосӣ баъди раҳбарии панҷсола расман ба истеъфо меравад. Рӯзи 25 июл дар кишвар интихоботи парлумонӣ дар назар аст, ки бояд ҳукумати навро ташкил кунад.

XS
SM
MD
LG