Пайвандҳои дастрасӣ

Салиби Сурх: Тоҷикони узви ДИИШ ҳам ба наздикон пайғом мефиристанд


Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон мегӯяд, дар давоми як соли охир даҳҳо пайғоми тоҷикони узви созмони мамнӯи "Давлати исломӣ" ва хонаводҳои онҳоро ба пайвандонашон дар Тоҷикистон расонидааст. Ба гуфтаи масъулини созмони байнулмилалӣ, онҳо дар баробари пайғомҳои катбӣ, суҳбатҳои видеоиро роҳандозӣ карда аз ин тариқ робитаи оилавии онҳоро барқарор мекунанд.

Воҳида Алиева, як масъули шуъбаи муҳофизат дар Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх рӯзи 30-юми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир ин созмон имкон дорад суҳбатҳои видеоиро барои нафароне, ки пайвандонашон дар кишварҳои ҷангзадаи мисли Ироқ қарор доранд, роҳандозӣ кунанд. Алиева гуфт, маҳз ба хотири ҳамин кӯмакҳо чаҳор кӯдаки тоҷик аз ятимхонае дар Бағдоди Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Воҳида Алиева
Воҳида Алиева

Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, Салиби Сурх феълан иҷозат надорад, ки барои барқарор кардани робитаи маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Сурия бо наздиконашон дар Тоҷикистон мусоидат кунад.

«Мо танҳо бо роҳи пайғомҳои катбӣ аз дохилӣ зиндонҳо ва нуқтаҳои даргир маълумот ҷамъ оварда ба ҷустуҷӯи наздикони онҳо шуруъ мекунем».

То имрӯз кормандони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх аз чандин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Сурияву Ироқ бедарак шуда буданд, хабар овард. Аз ҷумла, аз Зӯҳро Хоҷаева, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе ва кӯдакони ӯ аз як урдугоҳи Бағдоди Ироқ пайғом овард.

Номаи ҷангҷӯи тоҷик аз зиндони Ироқ

Номаи ҷангҷӯи тоҷик аз зиндони Ироқ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:03 0:00

Ҳамчунин ин созмон моҳи декабри соли 2017 номаи Аҳтам Олимов, як ҷавони 28-солаи тоҷикро аз зиндони Ироқ ба хонаводааш расонд. Охири моҳи апрел бо кӯмаки ҳамин созмон чаҳор кӯдакро аз Ироқ ба ватан баргардонд. Ин созмон бо ин иқдоми худ ба дили даҳҳо хонаводаи дигаре, ки наздикони худро дар Ироқу Сурия гум кардаанд, шуълаи умедро бедор кард.

Ҳоло аксари ин хонаводаҳо шабу рӯз интизори дарёфти хабари хуш аз Салиби Сурх ҳастанд. Ин аст, ки дар ду соли ахир ба Ҳилоли Аҳмар - яке аз созмонҳои шарик ва ҳамкори Салиби Сурх дар Тоҷикистон 181 хонавода барои пайдо кардани наздикони бедаракшудаашон дар Русия муроҷиат кардаанд.

Зулфия Нуралиева
Зулфия Нуралиева

Зулфия Нуралиева, як масъули «хадамоти ҷустуҷу» дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, то имрӯз 16 нафар пайдо ва робитаҳои оилавии онҳо барқарор карда шудааст. Вай гуфт:

«Аз ин теъдоди бедаракшудаҳо 90 дарсад муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд, ки ба хотири кор ба Русия рафтанд». Бо таваҷҷуҳ ба он ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба Ироқу Сурия рафтаанд, эҳтимол меравад, ки бархе аз нопадидшудаҳо дар миёни тоҷикони узви ДИИШ қарор доранд.

Тоҷикистон мегӯяд, аз соли 2014 беш аз 1100 нафар аз шаҳрвандони кишвар ба ин гурӯҳ дар Ироқу Сурия пайвастаанд. Аз ин шумора ҳудуди 100 нафар дубора ба ватан баргашта худро таслим кардаанд.

Видеоҳои охирин

"Хоҳиш, ҳамин дастаро ба тартиб дароред"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG