Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ду бародар дар робита ба куштори сокини Кӯлоб


Саидъазам ва Саидумар Маҳмудовҳо, ду бародарон дар шаҳри Кӯлоб, бо ҷурми куштори барқасдонаи Бахтиёр Раҷабов – сокини маҳаллаи Чармгарони Поён – аз 9 то 18 сол зиндонӣ шуданд. Ҳукми Додгоҳи Кӯлоб ҳафтаи гузашта содир гардид ва нусхааш рӯзи 30-юми май ба дасти мо расид.

Бино ба ҳукми додгоҳ, Саидаъзам Маҳмудов ба 18 сол зиндони низомаш шадид маҳкум шудааст. Додараш Саидумар Маҳмудов нуҳ соли умрро дар муассисаи ислоҳии низомаш умумӣ сипарӣ хоҳад кард.

Ин ду бародар шаби 19-уми феврали имсол, вақте Бахтиёр Раҷабови 34-сола аз масҷиди маҳаллаи Чармгарони Поён берун шудааст, бо корд ҳамла кардаанд. Раҷабов дар пайи чанд захми корд дар роҳ ба бемористон ҷон додааст.

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб ин кушторро ҳосили “хусумати шахсӣ” номидааст. Дар ҳукми додгоҳ ҳам гуфта шудааст, ки Бахтиёр Раҷабов моҳи октябри соли 2016 падари Маҳмудовҳоро латту кӯб карда буд ва ситондани интиқоми падар онҳоро ба ин кор тела дод.

“Он вақт Саидаъзам Маҳмудов дар хидмати ҳарбӣ буд. Пас аз бозгашт аз хидмат дар назди худ мақсад гузоштааст, ки интиқоми падарашро аз Бахтиёр Раҷабов мегирад. Ноболиғ Сайидумар Маҳмудов аз Душанбе корд харида, дар ин ҳодиса бародарашро ҳамроҳӣ кардааст”, - гуфта шудааст дар ҳукми додгоҳ.

XS
SM
MD
LG