Мақомоти интизомӣ дар Украина мегӯянд, ки Аркадий Бабченко, рӯзноманигори рус, ки бинобар "таҳдидҳои сиёсӣ" аз ватанаш гурехта буд, дар шаҳри Киев кушта шудааст. Нахуствазири Украина Маскавро дар ин қатл муттаҳам кардааст. Вазорати умури хориҷии Русия аз Украина хостааст дар ин бора "таҳқиқоти фаврӣ" анҷом диҳад.
Бинобар гузоришҳо, Аркадий Бабченко сешанбеи 29-уми май ҳангоми бозгашт аз фурӯшгоҳ дар назди дарвозаи хонааш дар шаҳри Киев кушта шудааст. Кушта шудани ин хабарнигори 41-солаи рус интизор меравад танишҳо миёни Маскав ва Киевро бештар кунад.
Дар солҳои ахир Бабченко аз ҳукумати Русия ба шиддат интиқод мекард ва дар тирамоҳи соли 2017 ба Киев рафт ва дар ин шаҳр зиндагӣ мекард.
Чанд соат пас аз қатли Бабченко, нахуствазири Украина Владимир Гройсман дар "Фейсбук"-и худ навишт, "бовар дорам, ки мошини тамомиятхоҳи ҳукумати Русия наметавонист садоқат ва мавзеъгириҳои усулии ӯ (Аркади Бабченко)-ро бипазирад."
Аммо Русия бо "ҷинояти ваҳшиёна" хондани ин қатл мегӯяд, дар ҳоли таҳқиқи ин ҳодиса аст. Сухангӯи Кумитаи таҳқиқоти Русия гуфтааст, ин ниҳод "ҳозир нест ин ҷинояти ваҳшиёна алайҳи як шаҳрванди русро нодида бигирад". Вазорати умури хориҷии Русия низ бо нашри як баёния гуфтааст, "аз мақомҳои Украина мехоҳем ончӣ дар тавон доранд, барои анҷоми таҳқиқоти фаврӣ дар ин замина, ба кор баранд."
Шеваи қатли Аркадий Бабченко
Сухангӯи вазорати умури дохилии Украина гуфт, ҳамсари Бабченко пас аз он, ки ӯро дар назди хонааш "ғарқ дар хун" ёфт, ба пулис занг задааст. Антон Ҳерасченко, муовини раиси порлумони Украина гуфтааст, Бабченко дар ҳоли бозгашт аз фурӯшгоҳе дар наздикии хонааш буд ва дар ҳоле, ки мехост дарро боз кунад, шахси ҳамлавар, ки дар зинаҳо мунтазир будааст, чанд тир ба пушти ӯ задааст.
Ҳерасченко мегӯяд, ки хабарнигори рус дар мошини "Ёрии таъҷилӣ", ки ӯро ба бемористон интиқол медод, ҷон додааст. Зоҳиран як нафар ё афроди бештар шахси ҳамлакунандаро дидаанд.
Мунтақиди Кремл
Аркадий Бабченко аз мунтақидони саршиноси ҳукумати Русия буд. Гузоришҳои ӯ дар бораи ҳимояти Маскав аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина, аз сӯи расонаҳои давлатии Русия ва шуморе аз мақомҳои ҳукумати он кишвар борҳо интиқод шуда буд.
Аркадий Бабченко дар зимистони соли 2016 ба Радиои Аврупо Озодӣ/Радиои Озодӣ гуфта буд, пас аз нашри ибрози назар дар мавриди суқути ҳавопаймои артиши Русия дар баҳри Сиёҳ, "ҳама бахшҳои мошини таблиғотӣ"-и ҳукумати Русия алайҳи ӯ бархостанд.
Дар зимистони ҳамон сол як ҳавопаймои низомии Русия, ки дар ҳоли интиқоли даҳҳо тан аз аъзои оркестри машҳури низомии Русия ба Сурия буд, дар баҳри Сиёҳ суқут кард ва ҳама 92 сарнишини он ҷони худро аз даст доданд. Аркадий Бабченко дар як навиштаи фейсбукии худ ҳукумати Русияро "мутаҷовиз" хонда буд.
"Кумитаи ҳифозат" -- созмони нозир бар расонаҳо, хостори анҷоми таҳқиқот барои ёфтани "омилони ин қатли ваҳшиёна ва саркӯбгар" шудааст. Нина Огнианова, ҳамоҳангкунандаи умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ин ниҳод дар баёнияе гуфтааст, "равиши рӯзноманигории интиқодии Бабченко, равише шинохташуда буд, мақомҳо бояд қатли ӯро ҳамчун ҳамла ба озодии расонаҳо дар назар гиранд."
Аркадий Бабченко дар ҷараёни ҷанги аввали Чечен дар артиши Русия хизмат карда буд. Ӯ баъдан артишро раҳо карда ва касби рӯзноманигориро дар пеш гирифт. Ӯ ҳамчун рӯзноманигори низомӣ барои чанде аз расонаҳои Русия гузоришҳо таҳия карда буд.
Дар солҳои ахир Бабченко аз ҳукумати Русия ба шиддат интиқод мекард ва дар тирамоҳи соли 2017 ба Киев рафт ва дар ин шаҳр зиндагӣ мекард. Тайи ду соли гузашта ин барои бори дувум аст, ки як рӯзноманигори саршинос ва мунтақиди рус дар Киев кушта мешавад.
ЧАНОБИ РУСТАМИ ЭМОМАЛИ, ИН КИ ШУМО РАИСИ ШАХРИ МО ХАСТЕД ВА БА ЧОИ ПАДАРАТОН ХОХЕД НИШАСТ, МО ХЕЛЕ ХУРСАНДЕМ, ВАЛЕ МАН ЯК ЧИЗРО НАМЕФАХМАМ, КИ БА ШУМО МАШВАРАТ (СОВЕТ) МЕДИХАД,КИ ХОНАХОИ КАД-КАДИ РОХХОРО ЧАППА КАРДА БА ЧОЯШОН ХОНАХОИ НАВ СОЗЕД, ХОЛ ОН КИ ИН ХОНАХО 200 СОЛИ ДИГАР НИЗ ХОХАНД ИСТОД. МАГАР БА ШУМО МАЪЛУМ НЕСТ, КИ ХАМИН ШАХР АЗ РОХБАНДОН ( ПРОБКА) БЕЗОР ШУДААСТ, ХОЛО КИ КАД-КАДИ РОХ ХОНАХОИ ОШЁНАПАСТ ХАСТАНД, ДАР МАВРИДИ ОНХОРО БО ХОНАХОИ БАЛАНДОШЁНА ТАБДИЛ ДОДАН ХОЛИ ИН ШАХР ЧИ МЕШАВАД? МАСАЛАН, ДАР ЯК БАРОМАДАН БА ЧОИ 50 МОШИН, ЯКУ ЯКБОРА 200 МОШИН МЕБАРОЯНД, ХОЛИ РОХХО ЧИ МЕШАВАД? ОН БИЗНЕСМЕНХОИ ХАРОМХУРРО АЗ НАЗДАТОН ДАФ КУНЕД . АМОН ХОНАХО ХАМ СОХТА ШАВАНД, МАРДУМИ ОДДИ КУДРАТИ ОНХОРО ХАРИДАНРО НАДОРАНД, ВАКТЕ КИ 3 ХУЧРАГИ 1200000000 ( ЯК МИЛЛИОНУ ДУСАД ХАЗОР СОМОНИ) АРЗИШ ДОРАД. КАМТАР КАЛЛАРО КОР ФАРМОЕД, КАЛЛАРО ВА БА ЧАППА КАРДАНИ ХОНАХОИ ЛАБИ РОХХО ХОТИМА ДИХЕД.
Чаноби Путин, курраи замин( ба кавли шумо земной шар) моли падаратон нест, ки бо хар кас ва хар давлате чи коре, ки хохед кардан мегиред. Замонаш мерасад, ки Шумо дар назди мардуми Украина чавоб хохед гуфт. Хатто давлату давлатчахои Европа, ки аз 4 то 5 миллион ахоли доранд, шумо ва давлататонро тахрим кардаанд, вале шумо алайхи тахримхои онхо коре карда наметавонед, харчанд, ки артиши кави доред.Бало занад хамон артишатонро, ки зураш факат ба Точикистону Туркманистон мерасад.
Манфиати худ не , манфиати миллатро химоя намуда истодааст ?????? Ё ту девона асти ё худатро ба девонаги зада истодаи ё инки хаёл мекуни тамоми миллат беакл астан ва шабро аз руз фарк намекунанд ... Магар одамоне , ки бегунох кушта шуданд аз ин миллат набуданд ??? Ё инки онхо Киргиз будан ва ба хоки Точикистон даромаданд ?! Хести ки хоби додари акаш !!!! Инро террор мегуянд террор нисбати ин миллати зудбовар. Миллат бовар кард Ки кормандони хифзи хукук , хукукхои онхоро химоя мекунад на инки берахмона тир мекушояд тарафашон ... Дунё гузаро аст, ва онхое бегунох кушта шуданд кахромонона барои озодии зодгохашон баромаданд ... Ёдашон ба хайр бод шермардони Бадахшони азизи хамаи мо точикон
Путин 2-млн тоҷикистониро дар Россия ба ғуломӣ фаро гирифтааст, аз пешрафти давлати худаш метарсад, Тоҷикистонро ҳам ба маҷрои суқут ҳамроҳ кардааст. Зиҳӣ ғулом-народ, зиҳӣ ғуломон
Гуё дар худамон нарх арзон бошад? Озоди вактхои охир аз эрону руссияву хитой факат айбкови мекуни ба хар хол дар эрон бензин 12 сомону газ 6.30 нест