Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз рушди робитаҳои Тоҷикистону Русия ситоиш кард


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, бо ирсоли номае ба унвонии иштирокдорони конфронси шашуми ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия дар Душанбе ба аҳамияти ин нишаст таъкид кард.

"Ин ҳамоиш дар ташкили музокироти созанда дар атрофи масоили муҳими дуҷониба муҳим арзёбӣ мешавад", - гуфтааст Путин дар барқияе, ки рӯзи 29-уми май дар вебсайти расмии Кремлин нашр шуд.

Конфронси шашуми ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия рӯзи сешанбе дар пойтахти Тоҷикистон ба кор сар кард ва дар он мақомот, мутахассисон ва ҳам сиёсатмадорон аз ду кишвар иштирок мекунанд.

Путин дар номаи худ аз рушди босуръати равобити Тоҷикистону Русия, ки ба қавли ӯ, бар пояи ҳамкориҳои стратегӣ ва шарикӣ бунёд шудааст, ситоиш кардааст.

XS
SM
MD
LG