Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди барканории Парпиев, додарзодаҳояш бекор монданд


Генерал Ботир Парпиев
Генерал Ботир Парпиев

Сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Андиҷони Узбекистон полковник Шуҳрат Парпиев шаби 27-уми май аз мақом барканор шуд. Муовини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Бухоро полковник Анвар Парпиев низ ҳамон рӯз барканор гардид. Дар ин бора бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Анвар ва Шуҳрат Парпиевҳо додарзодаҳои раиси пешини Кумитаи давлатии андози Узбекистон Ботир Парпиев ҳастанд. Ботир Парвиев 11-уми майи имсол аз мақом барканор шуда буд.

Ботир Парпиев қудои раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Узбекистон Рустам Иноятов аст. Парпиевҳо давоми солҳо дар мақомоти қудратии ин кишвар мақомҳои баланд доштанд.

Ботир Парвиев - яке аз бонуфузтарин генералҳои овони президентии Ислом Каримов - 14 сол кумитаи андозро роҳбарӣ кардааст. Ҳоло хабар мерасад, ки ҷараёни "барӯйхатгирии дороиҳои Парпиевҳо" шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG