Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона аз Чин хост, қазоқҳои боздоштшударо раҳо кунад


Роҳбари консулгарии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо ҳамтои чиниаш мулоқот кард. Дар ин мулоқот роҳбари консулгарии Қазоқистон озодии қазоқҳои қавмиеро дархост кард, ки аз Чин ба Қазоқистон кӯчида, шаҳрвандии Қазоқистонро дарёфт кардаанд.

"Дархост шуд, парвандаи қазоқҳои қавмие, ки ба далели доштани душаҳрвандӣ дар Чин боздошт шудаанд, холисона ва одилона баррасӣ гардад", - хабар медиҳад вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон. Дар ин мулоқот ҳамчунин соддасозии низоми раводид байни ду кишвар баррасӣ гардидааст.

Пештар аз ин расонаҳо навишта буданд, ки қазоқҳои қавмӣ дар Чин боздошт ва ба "маркази бозомӯзии сиёсӣ" интиқол дода шуданд. Сар аз моҳи апрели соли 2017 дар бораи таъқиби қазоқҳо дар Чин хабар мерасад. Қазоқҳои қавмӣ дар Чин асосан дар деҳа ва ноҳияҳои Или-Қазоқи округи автономии Синтсзян, Олтой ва Тарбагатой зиндагӣ мекунанд. Бино бар оморҳои охир наздики 1 миллиону 250 ҳазор қазоқ дар Чин зиндагӣ доранд.

XS
SM
MD
LG