Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқобод: сокинон ҳангоми навбатпоӣ барои орду шакар занозанӣ карданд


Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон дар пайи камёфт ва маҳдуд шудани фурӯши маводи ғизоӣ навбатпоии сокинон дар назди фурӯшгоҳҳо мушоҳида мешавад. Баъзан баҳси сокинон ҳангоми навбатпоӣ бо занозанӣ меанҷомад.

Ҳамсуҳбатони Бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 28 май гуфтанд, сокинони Ишқобод дар назди фурӯшгоҳҳои маҳаллаи 30-уми шаҳр, аз ҷумла фурӯшгоҳи "Арчабил" барои хардории як шиша равғани "Ахал ёғӣ", як кило шакар ё орд баъзан аз шаб навбат мепоянд.

Занҳо дар ду-се фурӯшгоҳ навбат мегиранд ва ҳар вақте дари фурӯшгоҳ боз шуд, шавҳару фарзандонашонро гузошта, худ ба назди фурӯшгоҳи дигар мераванд. Дар баъзе маврид ин амали онҳо норозигии навбатпоёни дигарро ба миён меорад.

Ба гуфтаи як сокини Ишқобод, ки нахост номаш ифшо шавад, вақтҳои ахир дар назди фурӯшгоҳҳои ғизо шумори кормандони пулису мақомоти махсус афзоиш ёфтааст. Онҳо вазъро назорат мекунанд.

"Дар назди ҳар фурӯшгоҳ 5-6 нафар аст. Аммо онҳо ба занозании занҳо коре надоранд. Танҳо назорат мекунанд, ки сокинон навбатпоиро акс ё ба навор нагиранд. Мақомот аз вазъи мавҷуда нигарон нестанд. Онҳо танҳо талош мекунанд, ки дар ин бора дар интернет нанависанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG