Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳайатҳои ИМА ва Кореяи шимолӣ дар бораи нишасти эҳтимолии Трамп ва Ким Чен Ун


Манобеи амрикоӣ аз сафари як гурӯҳ аз мақомҳои ин кишвар ба Кореяи Шимолӣ барои омодасозии мулоқоти эҳтимолии Ким Чен Ун ва Доналд Трамп, хабар доданд. Ин пас аз он сурат мегирад, ки бо вуҷуди лағви ин сафар аз сӯи Доналд Трамп дар номае расмӣ ба Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ эълон кард, ки ҳамчунон мехоҳад бо Доналд Трамп мулоқот кунад.

Пеш аз номаи Трамп, эълом шуда буд, ки Доналд Трамп ва Ким Чен Ун рӯзи 12-уми июн дар Сингапур мулоқот хоҳанд кард. Он тавре, ки рӯзномаи "Вашингтон пост" дар шумораи рӯзи якшанбеи 27-уми май ба нақл аз як манбаъи огоҳ навишт, Сон Ким, сафири пешини Амрико дар Кореяи ҷанубӣ ва музокиракунандаи пешини ҳастаии ин кишвар бо Пхенян, раҳбарии тими омодасозии мулоқоти раҳбарони ду кишварро бар ӯҳда дорад.

Бар пояи ин гузориш, вай ҳамроҳ бо Элисон Хукер, коршиноси Кореяи шимолӣ дар Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед ва Рэндалл Шрайвер, ёвари вазири дифои Амрико дар умури Осиёи шарқӣ, ба Пхенян сафар карда ва бо муовини вазири хориҷии Кореяи шимолӣ мулоқот кардааст.

Қарор аст музокироти тарафайн дар рӯзҳои душанбе ва сешанбе идома ёбад ва мавзӯи асосии ин дидорҳо низ барномаи атомии Кореяи шимолӣ гуфта шудааст.

Раиси ҷумҳури Кореяи ҷанубӣ пас аз дидори ғайри интизор бо Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи шимолӣ дар рӯзи шанбеи 26-уми май, зимни як нишасти хабарӣ дар Сеул гуфт, ки ба раҳбарони ду Корея дар бораи баргузории мулоқоти Доналд Трамп ва Ким Чен Ун ба созиш расиданд. Он тавр, ки раиси ҷумҳури Кореяи ҷанубӣ дар ин нишасти хабарӣ гуфт, Кин Чен Ун ҳамчунон тасмим дорад бо Доналд Трамп мулоқот кунад.

Қарор аст тими Кохи Сафе бар асоси барномаи аз пеш муайяншуда, охири ҳафтаи ҷорӣ аз Вашингтон ба Кореяи шимолӣ сафар кунад. Бо ин ҳол, мақомҳои амрикоӣ ҳанӯз ба ин, ки раҳбари Кореяи шимолӣ ба таври комил барномаи ҳастаии ин кишварро лағв кунад, шакк доранд.

Раиси ҷумҳури Кореяи ҷанубӣ низ пас аз дидор бо раҳбари Кореяи шимолӣ гуфтааст, ки вай ҳанӯз нисбат ба замонатҳои амниятии пешниҳодшуда аз сӯи Амрико қонеъ нашудааст.

XS
SM
MD
LG