Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ба мулоқоти 12 июн бо Ким Чен Ун умедвор аст


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, ҳанӯз ҳам умедвор аст, ки рӯзи 12-уми июн бо раҳбари Куриёи Шимолӣ дар Сингапур мулоқот хоҳад кард. Трамп чанд рӯз пеш аз эҳтимоли лағви дидораш бо Ким Чен Ун хабар дода буд.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 26-уми май дар Вашингтон гуфт, “нияти хуб дар бораи ин мулоқот вуҷуд дорад”. “Бисёриҳо рӯи ин тарҳ кор мекунанд ва он ба хубӣ пеш меравад. Мо рӯзи 12-уми июн дар Сингапур дидор хоҳем кард. Ин сана тағйир накардааст ва ҳама чиз ба хубӣ пеш меравад. Хуб, бибинем, ки чӣ иттифоқ хоҳад афтод”, - афзуд ӯ.

Доналд Трамп рӯзи 24-уми майи имсол дар як нома ҷаласаи 12-уми июн бо раҳбари Куриёи Шимолӣ дар Сингапурро лағв кард. Ӯ гуфта буд, Пхенян як рӯз қабл ба лавғи ин иҷлос таҳдид карда, Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрикоро “скелет”-и сиёсӣ хондааст.

Боз ҳам Доналд Трамп дарвозаро барои мулоқот дар оянда бо раҳбари Куриёи Шимолӣ боз гузошта, дар номаи ирсолӣ ба Ким Чен Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ гуфта буд, “агар назари Шумо дар марвиди ин иҷлоси муҳим тағйир кунад, лутфан аз навиштан ё телефон ба ман худдорӣ накунед”.

Ин гуфтугузорҳои раиси ҷумҳури Амрико дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 26-уми май раҳбарони Куриёи Ҷанубӣ ва Куриёи Шимолӣ дидору мулоқоти ғайримунтазира доштанд.

XS
SM
MD
LG