Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cӯхтор дар корхонаи "Суман". ВИДЕО


Қабл аз зӯҳри рӯзи ҷумъаи 25-уми май бинои Корхонаи дӯзандагии "Суман" воқеъ дар кӯчаи Сафаралӣ Раҷабови ноҳияи Исмоили Сомонӣ оташ гирифт.

Масъулони ин корхона мегӯянд, ки сабаби оташсӯзиро намедонанд, вале кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар маҳалли ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки азбаски бино кӯҳна шудааст, бар асари расиши ноқилҳо сӯхтор ба вуҷуд омадааст.

Бо талоши кормандони Идораи оташнишонии пойтахт хеле ҳам сареъ хомӯш шуд. Гурӯҳи оташнишонон бо се мошин ба ҷои ҳодиса расида, забонаи оташро, ки ба боми корхонаро печида буд ва ба дигар биноҳо таҳдид мекард, дар зарфи ним соат хомӯш карданд.

Cӯхтор дар корхонаи "Суман"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Саидбӣ Иброҳимова, раиси корхонаи дӯзандагии "Суман" ба Радиои Озодӣ гуфт, агар оташнишонҳо ба ин зудӣ ба маҳал намерасиданд, имкон дошт алангаи оташ ба биноҳои дигар роҳ ёбад. Вай афзуд, ки ҳоло зарари расида аз ин оташсӯзӣ маълум нест

Корхонаи дӯзандагии "Суман" асосан барои қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон кӯрпаву рахти хоб ва либос омода мекунад. Ин корхона дар шафати идораи "Телерадиоком" қарор дорад ва яке аз маҳаллаҳои сераҳолии шаҳр ба шумор меравад. Дар ҳоли ҳозир дар корхонаи дӯзандагии "Суман" ҳудуди 50 коргар, ки аксари кулли онҳо занон ҳастанд, фаъолият мекунанд ва рӯзгори худро таъмин менамоянд.

XS
SM
MD
LG