Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наққошиҳои ҳамҷинсгароёни тоҷик – дар намоишгоҳе дар Австрия


Вена
Вена

Рӯзи 24-уми май дар Австрия намоишгоҳи ҳашт наққоши ҳамҷинсгаро аз Тоҷикистону Эрон ва Сурия ифтитоҳ шуд. Номи намоишгоҳ “Ҳунари муҳоҷирони узви гурӯҳҳои ҳамҷинсгаро” аст.

Ин намоишгоҳро созмони ҷамъиятии “Эътилофи Бандарҳои Шимолии афроди ҳаҷинсгаро” ташкил кардааст. Стив Ҳаррингтон, раиси ин созмон гуфтааст, наққошоне, ки маҳсули ҳунарии онҳо ба тамошо гузошта шуд, “аз фишору таъқиб ва хушунат фирор карда, ба ин ҷо омаданд ва олами зебоии ботинии худро аз роҳи ҳунар ба намоиш гузоштанд”.

Дар намоишгоҳ 80 наққошӣ ва дигар намунаҳои осори ҳунарие ба мисли меъмориву аксу видеоҳо ба тамошо гузошта шудааст. Бархе рассомон бо исми воқеӣ ва онҳое, ки аз таъқиб ҳамоно ҳарос доранд, бо номҳои мустаор муаррифӣ шудаанд.

Аз миёни муҳоҷирони ҳамҷинсгарои тоҷик дар ин намоишгоҳ як тарроҳи мӯд Х.Ҳ.-и 28-сола ва дӯсташ К.Р. ширкат мекунанд. Аксари наққошиҳо паёмҳои сиёсиву иҷтимоӣ доранд, ки бо ҳадафи кумаку пуштибони муҳоҷирон эҷод шудаанд.

Ҳамҷинсгароҳо дар Тоҷикистон аз таъқибу озор шикоят мекунанд. Мақомоти интизомӣ соли 2017 феҳристи беш аз 300 узви ҷомеаи ҳамҷинсгароҳоро тартиб дода гуфтанд, ки ин афрод ба “гурӯҳи хатар” ё риск шомил ҳастанд. Баъди онки ин феҳрист мавриди нигарониву маҳкумияти гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт, мақомот гуфтанд, феҳристро бо ҳадафи таъмини амнияти онҳо тартиб додаанд.

XS
SM
MD
LG