Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаққиқон Русияро масъули суқути ҳавопаймои Малайзия донистанд


Buk-M1-2

Як пажӯҳиши байналмилалӣ аз ҷониби муҳаққиқони ҳолландӣ мушаххас кард, мушаки навъи “Бук”, ки ба ҷониби ҳавопаймои ширкати Малайзия дар хоки Украина дар соли 2014 партоб шудааст, марбут ба Бригадаи 53-юми зиддиҳавопаймои Русия мебошад.

Дар ин бора рӯзи 24-уми май тими муштараки муфаттишон, ки аз ҳисоби мутахассисони Австралия, Белгия, Малайзия, Ҳолланд ва Украина созмон ёфтааст, дар як нишасти матбуотии худ дар шаҳри Утрехти Ҳолланд изҳорот дод.

Мушаки навъи MH17 рӯзи 17-уми июли соли 2014 дар ҳудуди вилояти Донетски Украина суқут дода шуд ва дар натиҷа, 298 сарнишини ҳавопаймо кушта шуд. Дар гузашта “Беллингкет”, як тими муҳаққиқони бритониёӣ ҳам гуфта буд, ки мушакро Бригадаи 53-юми зиддиҳавопаймои Русия партоб кардааст.

Русия ҳамеша мудохила карданаш ба умури дохилии Украинаро рад кардааст, бо ин вуҷуд, ки шаҳодати кумаки низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсии он ба ҷудоиталабони Киев вуҷуд дорад. Русияву ҷудоиталабон рад мекунанд, ки мушаки MH17-ро партоб кардаанд ва дар шарҳи ин ҳодиса чанд фарзияи дигарро пеш гузоштаанд.

Видеоҳои охирин

Тақдими шаҳрвандии Русия осонтар мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:24 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG