Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Узбекистон ба маблғаи 2 млн доллар барқ дод


Аз оғози моҳи апрели имсол Тоҷикистон ба Узбекистон 107 миллион киловатт/соат нерӯи барқро ба маблағи беш аз 2 миллион доллари амрикоӣ фурӯхтааст.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳамзамон интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Қирғизистон сурат гирифтааст. Ҳарчанд қаблан мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки дар соли 2017 қарордод дар бораи содироти нерӯи барқ ба Қирғизистон имзо нашудааст.

Тоҷикистон ба Узбекистон ҳар як киловатт/соат нерӯи барқро бо қимати 2,5 сенти амрикоӣ мефурӯшад, ки баробари арзиши барқ барои сокинони Тоҷикистон мебошад.

Манбаъ афзуд, Тоҷикистон имкон дорад солона то 5 миллиард киловатт/соат нерӯи барқро ба хориҷ аз кишвар содирот кунад. Вале фурӯши ин миқдори барқ танҳо баъд аз анҷоми иҷрои тарҳи CASA-1000 имконпазир хоҳад шуд.

Он вақт Тоҷикистон метавонад, солона аз фурӯши нерӯи барқи изофии худ то 150 миллион доллар фоида ба даст биоварад.

XS
SM
MD
LG