Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интизори тифле, ки аҳолии Тоҷикистонро ба 9 млн мерасонад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

То чанд рӯзи дигар дар Тоҷикистон тифле ба дунё хоҳад омад, ки аҳолии кишварро ба 9 миллион нафар мерасонад. Дар назар аст, ин тифли хушбахт ва волидонашон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шаванд.

“Ягон рӯзи дигар мондааст”

Абдувалӣ Қулов, роҳбари бахши демография ва омори иҷтимоии Оҷонси омори Тоҷикистон, гуфт, барои ба 9 миллион расидани аҳолии Тоҷикистон “ягон рӯзи дигар мондааст.” Ин масъули Оҷонси омор дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси ҳисоби онҳо дар семоҳаи аввали имсол теъдоди аҳолии Тоҷикистон ба 8 миллиону 973 ҳазор баробар шуд.

Абдувалӣ Қулов
Абдувалӣ Қулов

Илова бар ин, Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, моҳи апрел дар кишвар тақрибан 20 ҳазор тифли дигар ба дунё омад. Мақомоти тоҷик бо такя ба ин омор мегӯянд, барои ба 9 миллион расидани аҳолии Тоҷикистон рӯзҳои башумор мондааст.

Дар ҳамин ҳол, як мақом дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора бо Оҷонси омор корбарӣ доранд ва мунтазири ба дунё омадани тифле ҳастанд, ки кишварро ба 9 миллион мерасонад. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, аз рӯи муқаррарот то ду-се рӯзи боқӣ мондани таваллуди ин тифли хушбахт дар тамоми таваллудхонаҳои кишвар навбатдорӣ ташкил мешавад ва ба ин тифл ва наздиконаш туҳфаҳо тақдим мешавад. Соли 2013 – замони таваллуди шаҳрванди 8-миллионнафарии Тоҷикистон шаҳрдории Душанбе ба ин хонавода як манзили чаҳорхонагӣ тақдим кард.

Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Бар асоси омори расмӣ шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад.

Як пурсише гузарондем, ки дар он аксарият ё 80 дарсади мардум гуфтанд, ки танҳо 2 ё 3 фарзанд доштан мехоҳанд

“Мақоли Худо чӣ қадаре диҳад, тағйир ёфтааст”

Шумораи аҳолии Тоҷикистон дар ҳоле ба 9 миллион мерасад, ки ҳукумати кишвар аз соли 2000-ум ба ин тараф сиёсати “танзими оила”-ро пеш гирифтааст. Тибқи ин барнома доштани то чаҳор фарзанд дар миёни оилаҳои тоҷик тарғиб мешавад. Ҳарчанд ин барнома танҳо хислати тавсиявӣ дорад ва дар назди оилаҳо ҳеч маҳдудият дар таваллуди фарзанд намегузорад, мизони зоймон ба фарқ аз солҳои пешин дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Мутахассисони бахши демография мегӯянд, зиёдшавии аҳолӣ ҳарчанд дар пайи худ чолишҳое дорад, мавзӯе нест, ки бар сари он зиёд нигаронӣ шавад. Чун ба қавли мутахассисони соҳа, бо назардошти вазъи иқтисодӣ худи ҷомеа ин мушкилро танзим мекунад.

Саъдулло Исломов, профессор ва демографи шинохтаи тоҷик мегӯяд, дараҷаи маълумот ва ҷаҳонбинии мардум ҳар қадар баланд шавад, дар он сурат таваллуд кам ва шумори аҳолӣ низ коҳиш меёбад. Ин олими тоҷик гуфт, бо боло рафтани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ, дар системаи қиматҳои ҳаётӣ, қимати серфарзандӣ оҳиста-оҳиста қафо меравад.

“50-60 сол пеш агар аз мардуми Тоҷикистон мепурсидед, ки ки чанд фарзанд доштан мехоҳед, қисми аксар мегуфтанд, ки “чӣ қадаре Худо диҳад”. Чаро? Чунки дараҷаи маълумотнокӣ ва ҷаҳонбинӣ паст буд. Ахиран мо як пурсише гузарондем, ки дар он аксарият ё 80 дарсади мардум гуфтанд, ки танҳо 2 ё 3 фарзанд доштан мехоҳем. Оҳиста-оҳиста маълумотнокии аҳолӣ зиёд шудан гирад, таваллуд коҳиш меёбад”, - афзуд ӯ.

Бо ин ҳама Саъдулло Исломов мегӯяд, афзоиши аҳолӣ дар пайи худ мушкилиҳое низ дорад. Аз ҷумла, ба қавли ӯ, суръати баланди рушди демография нисбат ба рушди иқтисодиёт яке аз намунаи мушкили демографӣ ба ҳисоб меравад.

“Тоҷикистон то 18-20 миллионро хӯронда метавонад”

Тоҷикистон аз ҷиҳати афзоиши аҳолӣ дар минтақа дар ҷои аввал аст. Афзоиши мунтазами аҳолӣ ҳоло Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷавонтарини дунё табдил додааст. Наздик ба се миллион (2 миллиону 938) нафар аз аҳолии Тоҷикистон шахсони аз 1 то 14-соларо ташкил мекунанд. Дар даҳсолаи наздик ин артиши бузург вориди бозори кори кишвар хоҳанд шуд.

30 дарсади аҳолӣ аз камғизоӣ ранҷ мекашанд. Даромади аксар хонаводаҳоро 1 миллион наздиконашон аз ҳисоби кор дар Русия таъмин мекунанд.

Шамсиддин Ҷалолов
Шамсиддин Ҷалолов

Таҳлилгарони умури иқтисодӣ мегӯянд, афзоиши аҳолӣ масъулияти давлатро бештар мекунад ва ҳукумати Тоҷикистон бояд аз пеш дар ин бора дурнамо дошта бошад. Бахусус коршиносон мегӯянд, пеш аз ҳама давлатро зарур аст, ки барномаҳои дақиқи иқтисодиро рӯи даст бигирад.

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, агар сиёсати дурусти иқтисодӣ ба роҳ монда шавад, Тоҷикистон метавонад на 9 миллион, балки то 18-20 миллион аҳолиро аз лиҳози иқтисодӣ таъмин кунад.

Бори охир дар Тоҷикистон нуфусшуморӣ соли 2010 сурат гирифт, ки тибқи натоиҷи он аҳолии кишвар аз 7 миллиону 417 ҳазор нафар иборат буд. Қарор аст, нуфусшумори навбатӣ дар Тоҷикистон соли 2020-ум сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG