Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ё "доля" диҳед, ё таксиҳоро бардоред" Тафсилоти ҷанҷол дар Сахарово


Пулиси Русия 15 таксирони тоҷикро, ки пас аз як ҷанҷол дар канори Маскав боздошт шуда буданд, раҳо кардааст.

Ин ҷо айби муҳоҷирон ҳам ҳаст, ки таксии қафқозиҳоро интихоб мекунанд. Чунин фикр мекунанд, таксиеро, ки ронандааш зодаи Қафқоз аст, пулис тафтиш намекунад.

Рӯзи 22-юми май пулиси Маскав беш аз 100 муҳоҷирро боздошт кард, ки назди Маркази «Сахарово» ҷанҷол карданд. Баҳси таксиронҳои муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Миёна бо таксиронҳои доғистонӣ бар сари ҷойи мусофиркашонӣ будааст.

"Баҳс бар сари бозори мусофиркашонӣ аст"

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, баҳсу ҷанҷоли муҳоҷирон бо доғистониҳо то занозанӣ напечида, пулис дахолат кардааст. Ӯ гуфт, танҳо се муҳоҷир бинобар дуруст набудани санадҳояшон ҷарима шуданд.

Иброҳим Аҳмадов
Иброҳим Аҳмадов

“Гап сари ба даст гирифтани бозори мусофиркашонӣ меравад. Одатан, ба деҳаи «Сахарово» муҳоҷирон барои гирифтани патент меоянд ва аз хидматрасонии ин таксиронҳо истифода мебаранд. Пулис дахолат карда, аз занозанӣ ҷилавгирӣ кардааст. Пас аз як сӯҳбат ҳамаи онҳо, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик ҷавоб дода шуданд”, - гуфт Аҳмадов.

"Ҷанбаи миллатбадбинӣ надошт"

Баҳс миёни шаҳрвандони Қирғизистону Узбекистон ва Тоҷикистон бо ронандаҳои таксии қафқозиҳо рух додааст. Дар Русия, ки ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ҳодисаҳои задухӯрд миёни онҳо ва миллатҳои дигар зуд-зуд рух медиҳад.

Иброҳим Аҳмадов мегӯяд, баҳси навбатӣ ҷанбаи миллатбадбинӣ надошт ва танҳо як баҳси маъмулии маишӣ буд.

Валентина Чупик, як мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Фейсбук навишт, ки занозанӣ миёни таксиронҳои тоҷик ва таксиронҳои доғистонӣ ба хотири ҷойи сердаромади кор сар задааст. Ба гуфтаи ӯ, доғистониҳо талош доранд, ин ҷойро аз дасти таксиронҳои Осиёи Марказӣ бигиранд, вале муввафақ нашуданд.

Одина Ашӯров, як таксирони тоҷик дар Маскав, ки аз ин баҳс хабар дорад, гуфт, рӯзона ба маркази «Сахарово» ҳазорон муҳоҷир барои дуруст кардани ҳуҷҷат сафар мекунанд ва ин масир барои ронандаҳои таксӣ пурдаромад маҳсуб меёбад.

"Ин ҷо айби муҳоҷирон ҳам ҳаст"

“Худам дар ин баҳс ширкат надоштам, аммо дӯстон гуфтанд, ки доғистониҳо омада гуфтаанд, ки ё барои мо “доля” медиҳед, ё таксиҳоятонро аз ин ҷо мебаред. Чанд бор аст, ки доғистониҳо чунин талош мекунанд. Ин ҷо айби муҳоҷирон ҳам ҳаст, ки таксии онҳоро интихоб мекунанд. Чунин фикр мекунанд, таксиеро, ки ронандааш зодаи Қафқоз аст, пулис тафтиш намекунад. Ҳамин омил қафқозиҳоро таҳрик медиҳад, ки бозорро пурра ба даст гиранд.”

Маркази сабти номи муҳоҷирон дар шаҳраки Сахарово дар канори Маскав ҷойгир аст. Солона дар инҷо ҳазорон муҳоҷир аз кишварҳои хориҷӣ барои дарёфти санад муроҷиат мекунанд. Танҳо соли гузашта дар ин марказ 193 ҳазор патент ба муҳоҷирон дода шуда, 199 ҳазор нафар аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд ва 128 ҳазор нафар аз забони русӣ ва таърих ва асосҳои қонунҳои Русия имтиҳон супурданд. Ҳамаи ин корҳо нархи муайяни худро дорад ва дар маҷмӯъ, маблағи ҳангуфт ба буҷети Маскав мерезад.

Ронандаҳои таксӣ ҳам аз интиқоли муҳоҷирон ба ин марказ ҳаққи хуб дарёфт мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG