Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

60 миллион доллар: Қазоқистону Ӯзбекистон шартномаҳои тиҷоратӣ имзо карданд


Дар доираи форуми соҳибкории Қазоқистону Узбекистон, ки рӯзи 22 май дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон доир шуд, чанд ҳуҷҷат ба имзо расид. Форуми мазкур бо ширкати мақомоти расмии ду кишвар ва садҳо соҳибкор баргузор гардид.

Ширкатдорони форум таъсиси лоиҳаҳои муштарак, содирот ва воридоти маҳсулот, ҳамкорӣ бо ҳадафи ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои дигарро баррасӣ карданд.

Ба иттилои расонаҳо, дар ин форум ҳашт шартнома бо маблағи 62 миллион доллар имзо шуд. Аз ҷумла, ҳукумати вилояти Қазоқистон Ҷанубӣ бо ширкати узбекии Alliance textile дар бораи сармоягузорӣ дар бахши нассоҷии минтақа шартнома баст.

Узбекистон талош дорад, муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодиашро бо кишварҳои ҳамсоя густариш диҳад. Тағйирот дар сиёсати хориҷии Узбекистон баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар тирамоҳи соли 2016 ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG