Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Олмон барои баррасии мавзӯи Эрон ба Вашингтон рафт


Вазири хориҷаи Олмон Ҳейко Маас рӯзи 23 май бо мақомоти амрикоӣ паёмадҳои хуруҷи ИМА аз созиши ҳастаӣ бо Эронро баррасӣ мекунад, ки соли 2015 имзо шудааст. Маас бояд дар Вашингтон бо котиби давлатии ИМА Майк Помпео ва мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Ҷон Болтон мулоқот кунад. Ин музокирот ду рӯз баъди таҳдиди ИМА баргузор мешавад, ки гуфтааст, сангинтарин таҳримҳоро болои Эрон ҷорӣ мекунад. Президенти ИМА Доналд Трамп ба ин бовар аст, ки Эрон «рӯҳи» созишномаи ҳастаиро аз роҳи озмоиши силоҳҳои баллистикӣ ва ҳам пуштибонӣ аз ҷангчӯён дар минтақа нақз кардааст. Ӯ рӯзи 8 май берун шудани кишвараш аз созиши се соли пеш ва ҳам таҳмили таҳримҳои нав болои Эронро таҳдид кард. Иттиҳодияи Аврупо ва Чину Русия, ки ҳамчунин зери ин созиш имзо кардаанд, бо ин иқдоми Амрико розӣ нестанд ва пофишорӣ доранд қарордод бетағйир монад.

XS
SM
MD
LG