Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони пешини Узбекистон аз мардум узр мепурсад


Рашид Қодиров, додситони пешини Узбекистон
Рашид Қодиров, додситони пешини Узбекистон

Собиқ Додситони кулли Узбекистон Рашид Қодиров дар бемористони низоми сахти Тошканд бистарӣ шуд. Ин иттилоъро рӯзи 21 май ба бахши Узбекии Радиои Озодӣ яке аз наздикони Қодиров тасдиқ кард.

Рашид Қодиров ду ҳафта пеш, баъди боло рафтани фишори хунаш бистарӣ шудааст.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 19 май гуфт, ки дар 2-3 моҳи оянда додситони пешин тариқи телевизион аз мардум узрхоҳӣ мекунад.

"Ҳоло додситони кулл ҳамроҳ бо гуруҳаш дар зиндон аст. Миллионҳо долларашро таслим мекунад. Баъди 2-3 моҳ ман коре мекунам, ки вай тариқи телевизион дар бораи ҳама чиз нақл кунад. Зеро вай фасодкориро дар ҳама ҷо паҳн кард. Аз ҳар додситони ноҳиявӣ 30-40 ҳазор доллар пора мегирифт. Вай дузди воқеӣ буд. Ба ҳамин хотир аз мақомоти додситонӣ 70 дарсади кадрҳо ронда шуданд. Ман дар ин ниҳод одамони поквиҷдонро таъйин кардам. Агар касе хиёнат кунад, ҳамин сарнавишт ӯро интизор аст", - гуфт Мирзиёев.

Додситони пешини Узбекистон 22 феврали соли ҷорӣ боздошт шуд. Вай дар тамаъҷӯӣ, сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва фасодкорӣ айбдор мешавад.

Қодиров соли 2000-ум додситони кулл таъйин шуд ва моҳи апрели соли 2015 барканор гардид. Алишер Қодиров, писари Рашид Қодировро бо гумони тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълон карданд. Зидди падару писар то имрӯз дар ҳаҷми ним миллиард доллар шикоят ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG