Дастаи мунтахаби Шведсия, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҳоккей бар тими Швейтсария аз рӯи силсилаи буллитҳо бо ҳисоби 3:2 (1:1, 1:1, 0:0, 0:0, 1:0) пирӯз шуд, барои дувумин бор ҳам паиҳам ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.
Мусобиқаи қаҳрамонии ҳоккейи ҷаҳон аз 4-ум то 20-уми май дар шаҳрҳои Копенгаген ва Ҳернинги Дания баргузор шуд. Бозии ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 20-уми май барпо гардид. Ҳисобро дар дақиқаи 17-ум Нино Нидеррайтер, бозигари мунтахаби Швейтсария, боз кард. Баъди камтар аз якуним дақиқа Густав Нюквист, бозигари мунтахаби Шведсия, ҳисобро баробар намуд.
Дар ибтидои қисми дувум мунтахаби Швейтсария боз ба пеш баромад. Шайбаро Тимо Майер ба ҳадаф расонд. Чор дақиқа пеш аз хотимаи қисми дувум Мика Зибанеҷад ҳисобро баробар кард.
Дар қисми севум ҳисоб тағйир наёфт - 2:2. Дар замони изофӣ (овертайм) низ ғолиб муайян нашуд. Қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи силсилаи буллитҳо маълум гардид. Буллити “тиллоӣ”-ро узви мунтахаби Шведсия Филип Форсберг ба ҳадаф расонд.
Ба ин тартиб, мунтахаби Шведсия бо Ҷоми қаҳрамони ҷаҳон ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Ба мунтахаби Швейтсария медалҳои нуқра супурда шуд.
Пеш аз финал рӯзи якшанбе дар Дания бозӣ барои ҷойи севум доир гардид. Хоккейбозони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки тими Канадаро бо ҳисоби 4:1 мағлуб карданд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби Шведсия ва Швейтсария соли 2013 дар бозии ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон бо ҳам рақобат карда буданд. Он замон низ мунтахаби Шведсия ғолиб шуда буд. Шведсиягиҳо бо ҳисоби бузурги 5:1 швейтсариҳоро шикаст доданд.
Дар мусобиқаи гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон дар Дания дастаҳои мунтахаби Шведсия ва Швейтсария дар гурӯҳи А бозӣ карда, мутаносибан аз ҷойҳои 1-ум ва 4-ум ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Дар ¼ финал хоккейбозони Шведсия бар дастаи Латвия, дар нимфинал бар мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пирӯз шуданд. Мунтахаби Швейтсария бошад, дар ¼ финал бар дастаи Финляндия ва дар нимфинал бар тими Канада ғолиб омаданд.
Вандам дар Зарафшон дар ду бинои ба ҳамдигар наздик бунёдшуда шпагат шишт
Ин зеленский дар хаки милаташ бисер хатои калон кард бояд боакли мекард то мардум саргардон намешуд бозичаи дасти давлатхо шуд
То агар манъи оростани дастурхон идонаро ба роҳ намонанд ҳиҷ вақт арзонӣ намешавад ин касифҳои қалобон як соли дароз роҳи ҳамин ду иди мусалмониро мепоянд бигузор касе вобаста ба имконияту дороияш фақат қурбони иҷозат бошад дигар билкул манъи оростани дастурхони идонаро аз дасти ҳамин қалобони касиф манъ намоянд нарх дар ид боло рафт дигар ҳаминхел бе тағир мемонад гапи ин қалобон доимо ҳамин ҳаст долар боло рафтааст ҳозир чи долар поён рафт знки ҳамаашон гирифтаги мо мардуми даъвои мусалмонидошта айби худамон низ ҳаст қарз мекунему дастархон оро медиҳем токи ҳамсоя камбудӣ наёбад бо нархи гарон аз қалоб мехарему исроф карда мепартоем. Озодии ҷон як бор илтимосу хоҳишама не нагуфта чоп кунед.
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Помириҳо агар дар вақташ намебуданд пешвои миллати ту имруз Узбако буданду хуш келибсиз дадаҷон гуфта мегаштӣ. Ҳадди ақал аз он ки Тоҷикистонро Тоҷикистон помириҳо карданд, набояд ба гушаи фаромуши равад. Курнамакӣ ҳам як андоза доштагист, бутпарастҳо!
Ин зеленски факат ваъда доданро медонад руссия рузе хатто киевро ишғол мекунад ин аниқ аст