Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блоки Муқтадо Ас-Садр 54 курсии Маҷлиси Ироқро соҳиб шуд


Кумисюни интихоботии Ироқ рӯзи 19-уми май натиҷаи интихоботи порлумонии он кишварро эълон кард. Интихобот ҳафтаи гузашта баргузор шуда буд.

Бино ба натиҷаҳои эълоншуда, аз 329 курсии порлумони Ироқ 54 ҷойро блоки сиёсии зери раҳбарии рӯҳонии шиа Муқтадо Ас-Садр соҳиб шудааст. Тарафдорони нахуствазири кунунӣ Ҳайдар Ибодӣ дар ҷои севум ҳастанд.

Ягон нирӯи сиёсӣ раъйи аксариятро ба даст наовардааст, то битавонад ҳукуматро ба танҳоӣ ташкил кунад. Ҳамон гуна, ки таҳлилгарон ишора мекунанд, барои ташкили ҳукумати нав дар Ироқ вақту музокироти зиёде зарур аст.

Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири кунунии Ироқ, рӯзи шанбе дар як нишасти хабарӣ дар Бағдод гуфт, "дидори имрӯзаи ман бо муҳтарам Муқтадо Ас-Садр нишон дод, ки раванди сиёсӣ бояд ҳамаро фаро бигирад. Мо алайҳи ҳеч блок нестем. Мо бо ҳама ҳамкорӣ мекунем. Аммо ин раванд ниёз ба касе дорад, ки онро роҳбарӣ кунад ва ба роҳи дуруст барад. То ҳукумати нав тавонад зуд ташкил шавад ва порлумон ҳам битавонад ҷаласаашро доир намояд."

Муқтадо Ас-Садр дар маъракаҳои интихоботӣ алайҳи фасод ва инчунин дахолати кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Амрико дар кори Ироқ шиор дод.

Хабар дода мешавад, ки генерали бонуфузи эронӣ Қосим Сулаймонӣ ба Бағдод рафтааст, то дар музокирот бо сиёсатмадорони ироқӣ як ҳукумати наздик ба Теҳронро созмон диҳад.

XS
SM
MD
LG