Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши як зани муҳоҷир дар Русия соҳиби ҷоизаи Кан шуд


Самал Еслямова
Самал Еслямова

Самал Еслямова, ҳунарпешаи қазоқ, ҷоизаи беҳтарин бозигари занро дар ҷашнвораи имсолаи Кан дарёфт кардааст. Ин ҳунарпешаи 33-сола нақши як модари муҷарради бекорро бозӣ кардааст, ки аз Осиёи Марказӣ ба Маскав рафта, дар саргардонӣ ба сар мебарад.

Дар маросими тақдими ҷоизаҳо, рӯзи 19-уми май, ҷоизаи беҳтарин филмнома миёни Ҷаъфар Паноҳӣ аз Эрон барои филми “Се рух” ва коргардони итолиёӣ Алиса Рохвачер тақсим шуд.

Ҳукумати Эрон Паноҳиро мамнуъ-ул-хуруҷ кардааст, аммо ӯ тавонист филми худро ба ҷашнвораи Кан бифиристад. Шуморе аз филмсозони дигар, бо шумули коргардонҳои ҷопонӣ, лаҳистонӣ ва амрикоӣ низ барандаи ҷоизаҳои ҷашнвора шуданд.

XS
SM
MD
LG