Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арӯсии салтанатӣ – Тӯйи шоҳзода Ҳаррӣ бо Меган Маркл. АКС


Қасри Виндзор маҳалли баргузории яке аз пуртамошотарин маҳфилҳои арӯсии салтанатии Англия буд. Шоҳзода Ҳаррӣ ва Меган Маркл, ҳунарпешаи амрикоӣ, рӯзи 19-уми май дар ҳамин ҷо издивоҷ карданд.

Маросими издивоҷи Ҳарии 33-сола ва Маркли 36-сола бо ҳузури гарми ситораҳои ҷаҳонӣ баргузор шуд. Миллионҳо нафар дар саросари дунё ин маросимро аз тариқи телевизионҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо кардаанд.

Ин ҷуфт соли 2016 бо ҳам ошно шуда, чанд моҳ робитаашонро аз расонаҳо пинҳон дошта буданд.

Онҳо пас аз ҳудуди як соат макони баргузории маҳфили арӯсиашонро тарк карданд. Дар берун аз қаср ва роҳҳо ҳазорҳо нафар барои тамошояшон гирдиҳам омада буданд.

XS
SM
MD
LG